Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЦИОЛКОВСКИЙ Константин Эду­ардович

ЦИОЛКОВСКИЙ Константин Эду­ардович

ciolkovskiy

ЦИОЛКОВСКИЙ Константин Эду­ардович (17. 9. 1857, деҳаи Ижевск, ҳозира вил. Рязань—19. 9. 1935,Ка­луга), олим ва ихтироъкори советӣ дар соҳаи аэро ва ракетодинамика, назариян самолёту дрижаблҳо; асосгузори кайҳоннавардии муосир. Аа бачагиаш қобилияти шунавоиаш қариб пурра гум шудааст ва аз синнн 14-солагӣ худомўзӣ кардааст; с. 1879 барои унвони муаллимӣ ба тариқи экстерн имтиҳон супорид ва тамоми умраш аз физика ва математика (аз с. 1892 дар Калуга) дарс гуфт. Бори аввал имконияти истифодаи ракетаҳоро ба­рои алоқаҳои байнисайёравӣ асоснок кард, роҳҳои оқӣлонаи инкишофи кайҳоннавардӣ ва ракетасозиро нишон дод, чанд ҳалли муҳимми ин­женерии конструксияи ракетаҳо ва муҳаррикҳои ракетии моеъиро ёфт. Ғояҳои техникии Циолковский дар техникаи ракетию кайҳонӣ татбиқ шуда истодаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …