ЧОРМАНОР, Мадраса ва масҷиде дар Бухоро, ки с. 1807 бо фармон ва маблағи Халифа Ниёзқул ном сарватманде сохта шудааст. Чорманор яке аз барҷастатарин ёдгориҳои замони худ буда, дар он аз услуби халқии санъати меъморӣ ва унсурҳои биноҳои истиқоматӣ васеъ истифода бурдаанд. Чорманор дорои ҳавлии васеи хиштфарш буда, қад-қади деворҳои шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ ҳуҷраҳои якошьёна ҷойгиранд. Дар кунҷи ҷан. ғарбии ҳавлӣ масҷиди нӯҳсутуна воўеъ аст. Масҷид аз ду тараф — шимолӣ ва шарқӣ айвонҳо дорад, ки онҳо ба сутунҳои кандакории чӯбӣ такя мекунанд. Дар миёнаҳои девори шимолӣ даромадгоҳи гунбазпӯши чордара ҷой гирифтааст, ки дар чаҳор кунҷи он чаҳор манори начандон баланд воқеанд ва Чорманор номи худро аз ҳамин даромадгоҳ гирифтааст. Дар болои даромадгоҳ гаҷи дурангаро истифода карда, бо хати зебо «Чорманор» навиштаанд. Чорманор аз ҷиҳати санъати меъморӣ ниҳоят содда ва зебо сохта шудааст.
Ў. Пулодов.