ЧИНГИЛ. чемиш (Halimoden-гоп halodenaron), як навъ буттаи серхорест аз оилаи лӯбиёиҳо. То 2,5 м қад мекашад. Баргаш пармонанд (аз 1—3 ё 5 ҷуфт баргча иборат аст). Гулаш парвонашакл, гулобӣ ва баъдтар бунафштоб мешавад. Ғилофакаш пуфакчашакли 2—3 тухма (донаш гурдашакл). Чингили худрӯй аз тухм зиёд мешавад. Ниҳолаш суст месабзад. Дар Тоҷикистон асосан дар қ-кӯҳҳои Қурама, Зарафшон, Қаротегин, Дарвоз, водии Вахшу Кофарниҳон, Помири Ғарбӣ ва ғ. (300—2600 м аз с. б.) месабзад. Чингил буттаи базеб аст.
Гулаш сершаҳд. Онро дар заминҳои беҳосил, санглох ва ҳатто шур парваридан мумкин аст.
Ад.: Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Паммро-Алая, Л„ 1976; Флора Таджикской ССР, т. 5, Л.. 1978.