Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧАЙКОВСКИЙ Петр Ильич

ЧАЙКОВСКИЙ Петр Ильич

chaykovskiy

ЧАЙКОВСКИЙ Петр Ильич (7. 5. 1840—6, 11. 1893), бастакори рус. Симфониянависи маъруф, лирик ва драматурги мусиқӣ. Намунаҳои барҷастаи опера, балет, асарҳои симфонӣ ва камеравиро офаридааст. Операҳои “Евгений Онегин» (1878), «Мазепа» (1883), «Фаттона” (1887), «Моткаи қарамашшоқ» (1890), «Иоланта» (1891) ва балетҳои: «Кӯли қувон» (1876), «Нозанини хуфта» (1889), «Щелкунчик» (1892) ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Шаш симфония, увертюра-фантазияи «Ромео ва Ҷульетта», фантазияи «Франческа да Римини», «Каприччиои италиявӣ», концертҳо барои скрипка ва фортепиано, «Вариация дар мавзўи рококо» барои виолончел ва фортепиано, триои «Ба ёдбуди эҷодкори бузург», романсҳо ва ғ. ба қатори шоҳасарҳои ҷаҳонӣ дохил гардидаанд. Солҳои 1866 77 проф. Консерваторияи Москва буд. С. 1894 дар Клин Хона-музей ва с. 1940 дар Воткинск музейи ёдгории Чайковский кушода шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …