Маълумоти охирин

ЧАРМ

ЧАРМ, кемухт, сахтиён, пусти ош дода шудаи ҳайвонот аст, ки дар чармгарӣ ба кор равад. Чарм пустест, ки хосияти он зери таъсири василаҳои механикӣ, физикӣ ва химиявӣ вобаста ба таъинот тағйир дода шудааст. Дар СССР Чармро аз рўи аҳамият ба 4 гуруҳ — Чарми пойафзол, сарроҷию зин, техникӣ ва либосу чарчинворӣ ҷудо мекунанд.

charm

Дар кӯхистони Қаротегину Дарвоз аз Чарми рахт, ки дастӣ таёр мекарданд ва шидринг, ки аз дигар ҷойҳо меоварданд, дар замони гузашта барои бою муллоҳо пойафзол медўхтанд. Чарми сафедмолро аз пӯсти пои гов бо орди ҷав ва оби гарм ош дода, тайёр мекарданд. Аз Чарм тагчарму ручарми пойафзол месозанд. Чамрее, ки барои тагчарми пойафзол истифода мешавад, сахту мустаҳкам ва қатнашаванда аст. Онро аз пусти гов, ҳайвоноти баҳрӣ ва асп (баъди даббоғӣ) тайёр мекунанд.

Рӯчарми пойафзолро аз Чарми мулоим тайёр мекунанд. Аз Чарм тасма, ғилоф, сумка, планшет, афзори асп (нухтаву лаҷом, рӯйкаши зин ва ғ.) низ месозанд. Аз Чарми техникӣ тасмаи чархгардон, қисмҳои мошин ва диг. маснуоти техникӣ месозанд. Барои либосу чарчинворӣ пўсти моли майда (гӯсфанд, буз, тойча ва ғ.)-ро, ки бо пайвастҳои хром ва усули муштарак даббоғӣ шудааст, истифода мебаранд. Ин гуна Чарм мулоим, чандир ва қаиш мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …