Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия (страница 168)

Ҷуғрофия

Жаҳон Янгиликлари

Мура

2

Мура, ағбаест дар қисми марказии қаторкӯҳи Ҳисор, дар ҳудуди РСС Тоҷикистон.  Баландиаш 3787 м аз сатҳи баҳр. Аз нишебии шимолӣ ағба дарёи Замбар (шохоби дарёи Саритоғ, ҳавзаи Искандаркӯл) ва аз нишебии ҷанубиаш дарёи Қаротог (шохоби чапи Сурхондарё) ибтидо меёбад. Мура ағбаи пиёдагард аст. Ба воситаи он рамаҳои гӯсфанд ба чарогоҳҳои …

Муфассал »

Мӯлтон

2

Шаҳрест дар Покистон, дар музофоти Панҷоб ва наздикии дарёи Чиноб. Аҳолиаш 544 ҳазор нафар (1972). Марказӣ муҳими иқтисодиёт, узели нақлиёт. Соҳаи асосии саноат — бофандагӣ, махсусан матоъҳои пахтагӣ. Корхонаҳои саноати химия, шиша, хӯрокворӣ низ дорад. Ба Мӯлтон аз кони гази Суйи газопровод гузаронида шудааст. Мӯлтон марказӣ  қадимии ҳунармандист. Дар Мӯлтон …

Муфассал »

Мяо

2

Халқест, ки асосан дар Хитои Ҷанубӣ (Хунан, Гуйчжоу, райони мухтори Гуанси-Чжуан, Сичуан, Юннан) дар панҷ гурӯҳи аз ҳам ҷудо бо ноҳои мустақили гусу, му, монг, амои, гамэ, ки худро мяо меноманд, қисман дар давлатҳои Осиёи Ҷануби Шаркӣ (РСВ, Лаос, Таиланд, Бирма) иқомат доранд. Шумораи умумиашон тақрибан 4,7 млн нафар (1978). …

Муфассал »

Мюнхен

2

Шаҳрест дар ҷануби РФГ. Маркази маъмурии сарзамини Бавария. Маркази муҳими иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Дар соҳили дарёи Изар, дар доманаи шимоли кӯҳҳои Алп воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 1,32 млн нафар (1980). Мюнхен— узел и муҳими роҳи оҳан, нақлиёти автомобилӣ ва хавоӣ. Ҳар ду аэропорташ аҳамияти байналхалқӣ до­рад. Соҳаҳои асосии саноаташ: электротехника, …

Муфассал »

Митиши

2

Шаҳрест дар вилояти Москваи РСФСР. Стансияи роҳи оҳан (аз Москва 19 км ба Шимолу Шарқ). Аҳолиаш 141 хазор нафар (1979). Зоводҳои мошннсозӣ (истеҳтсоли автомобилҳои самосвал ва вагонҳо барои метро), асбобсози, электромеханикӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ дорад. Дар Митиш инчунин институти тадқиқоти илмии наҳи сунъӣ, институтҳои техникаи ҷангал ва коонеративии Москва, техникуми …

Муфассал »

Мсхета

1

Шаҳри қадима дар ҳудуди РСС Гурҷистон. Бошишгоҳҳои аввалин дар Мсхета ба ҳазораи 2 то мелод тааллуқ доранд. Мсхета то асри 6 пойтахти Иберия (Гурҷистони Шарқӣ), баъд­тар маркази дин дар Гурҷистон буд. Аз соли 1937 дар террериторияи Мсхети мунтазам ҳафриёти археологӣ гузаронида ме­шавад. Дар қисми шимолии шаҳр қабристоне кофта шуд (ҳазораи …

Муфассал »

Муҷум

1

Деҳа, маркази Совети қишлоқ Муҷум ва колхози «Победа»-и pайони Ғонҷӣ, вилояти Ленинобод . Аз Муҷум  то маркази район 12 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2740 нафар (1981), ӯзбекҳо ва тоҷикон. Мактаби миёна, клуб, китобхона, шуъбаи алоқа, нуқтаҳои хизмати маишӣ (сехҳои сартарошӣ, пойафзолдузӣ, либосдузӣ) дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — боғдори, ғаллакорӣ, чорводорӣ. …

Муфассал »

Муҷоҳидон

1

Аъзоёни ҷамъняти ғайрилегалии револютсионию демократӣ дар Эрон, ки соли 1905 ташкил ёфта, дар Револютси 1905—1911 Эрон, хусусан шӯриши 1908—1909 дар Табрез ва табаддулоти револютсионии 1909 дар Рашт мавқеи калон доштанд. Ташкилоти Муҷоҳидон асосан аз намояндагони буржуазияи майда, коргарон ва деҳқонон иборат буд. Программаи Муҷоҳидон (соли 1907 қабул шуда буд) озодии …

Муфассал »

Муҷихарфи Боло

1

Деҳаест дар Совети қишлоқ Муҷихарфи pайони Комсомолободи РСС Тоҷикистон Терретория совхози «Чорсада». Аз Муҷихарфи Боло то маркази Совети қишлоқ 1 км ва то район 30 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳо­лиаш 605 нафар (1981), тоҷикон. Соҳа­ҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва тамокукорӣ. Заминҳо аз оби чашма­ҳо обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Муҷихарф

1

Деҳа, маркази Совети қишлоқ Муҷихарфи райони Комсомолободи РСС Тоҷикистон Территорияи совхози «Чорсада». Аз Муҷихарф то маркази район 29 км; роҳ ас­фалтпӯш. Аҳолиаш 345 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, клуб, пункти тиббӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва тамокукорист. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Муфассал »