Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 377)

Гуногун

Олигоклаз

0

Олигоклаз (аз олиго… ва юнонӣ klasis — шикастан), минерали ҷинсо- фарин аа гурӯҳи шпатҳои даштӣ (плагиоклазҳо), ки таркибаш 10 — 30% анортит Ca[AltSiiO$] ва 70—90% албит NafAlSijOa] дорад.

Муфассал »

Олигархияи молиявӣ

0

Олигархияи молиявӣ, табақаи болоии буржуазияи монополистиест (бойтарин соҳибони капитал, бонуфузтарин намояндагони монополияҳои тиҷоративу саноатӣ ва молиявӣ), ки тавассути он капитали молиявӣ дар иқтисодиёт ва сиёсати давлатҳои капиталистӣ ҳукмфармо мебошад. Дар замони империа­лизм баробари ташкил ёфтани монополияҳои саноатӣ монополияҳои бан­кӣ низ ба вуҷуд меоянд. Қариб тамоми муомилоти пулии мамлакат тавассути банкҳо …

Муфассал »

Олигархия

0

Олигархия (юнонӣ oligarsbia — ҳокимияти ақаллият, аз oligoa — ақалият ва arche — ҳокимият), шакли идоракуниест, ки ҳокимияти давлатиро гурӯҳи хурди одамон соҳибӣ карда, онҳо одатан аз ҷиҳати иқтисодӣ нисбат ба дигарон пурзӯртаранд. Худи гурӯҳи ҳукмронро низ Олигархия гӯянд. Истилоҳи «Олигархия» аввалин бор дар асарҳои муаллифони Юнони Қа­дим (Арасту ва …

Муфассал »

Оливин

0

Оливин (аз лотинӣ oliva — зайтун) п е р и дот, забарҷад, минерали асосӣ аз гурӯҳӣ Оливин. Таркиби химиявиаш (Mg, FejiSiOJ. 8—12%, баъзан то 20% FeO ва 45—50% MgO дорад. Системаи кристаллбандиаш ромбӣ. Дар шакли агрегатҳои донадор ва кристаллҳои тахтачаю призмамонанд вомехӯрад. Рангаш бунафши баланд, сабзи зардтоб, баъзан беранг. Сахтиаш …

Муфассал »

Оли Xуҷанд

0

Оли Xуҷанд, Хонадони хуҷандиён, сулолаест, ки аз солҳои 70 асри 11 то охири асри 12 риёсати мазҳаби шофеия, баъдтар хукумати вилояти Исфаҳонро дар ихтиёр дошт. Нуфуз ва мақоми хонадони Хуҷандиёнро қайд карда, шоирон ва муаррихону тазкиранависон онҳоро фозилу илмдӯст ва маърифатпарвар ба қалам додаанд. Ба Оли Xуҷанд Абӯбакр Муҳаммад ибни …

Муфассал »

Окуляр

0

Окуляр (лот. oculus — чашм), қисми ба чашми мушоҳид нигарондашудаи системаи оптикист (телес­коп, дурбин, микроскоп ва ғайра); барои мушоҳидаи визуаллӣ тасвирҳои ҳақиқие, ки дар системаҳои оптикии объектив (масалан, призма, коллиматор) ҳосил мешаванд, хизмат мекунад. Аввалин бор Окулярро Г. Галилей (1609) дар ғулбаи биниш истифода бурдааст, ки линзаи он манфӣ (парокандакунанда) …

Муфассал »

Октябрятҳо

01

Октябрятҳо, дар СССР мактаббачагони 7—9-солае, ки дар гурӯҳҳои назди дружинаи пионерии мактаб ихтиёри муттаҳид мешаванд. Гу­рӯҳҳои Октябрятҳо бачагонро барои дохил шудан ба Ташкилоти Умумииттифоқии пионерӣ ба номи В. И. Ленин тайёр мекунанд. Гурӯҳҳои аввалин» Октябртҳои солҳои 1923—24 дар назди отрядҳои пионерии шаҳри Москва ташкил шуда буданд ва ба онҳо бачагон …

Муфассал »

Газетаи «Октябр»

0

«Октябр», газета, органи Комитети районии ПК Тоҷикистон ва Совети де- лутатҳои халқии райони Шаҳртуз. Аз соли 1933 ҳафтае 3 маротиба ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр меша­вад. Аввалҳо бо номи «Коммунизм учун» мебаромад, аз 9 июни 1962 бо­шад, «Октябр» ном гирифтааст. Адади нашр 5300 нусха (1982).

Муфассал »

Октябристҳо

0

Октябристҳо, «Иттифо қи 17 о к т я б р », партияи контрреволю- тсионии помещикони калон ва бур­жуазияи тиҷоратию саноатӣ дар Россия, қаноти роста либерализми Россия. Партиям Октябристҳо баъди нашри Манифест 17 октябри 1905 (номаш аз ҳамин ҷост), аввалҳои ноябри 1905 аввал дар Москва, баъд дар Петер­бург ба вудуд омада, …

Муфассал »

Газета «Октябри сурх»

«Октябри сурх», газета, органи комитети районии ПК Тоҷикистон ва Сове­ти депутатҳои меҳнаткашони pайони Октябр (ҳозира pайони Вахш). Аз соли 1938 то 1959 бо тиражи 3500 нусха ҳафтае 3 маротиба ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр мешуд.

Муфассал »