СЕНАТ, (лотинӣ Senatus), дар Россияи солҳои 1714—1917 органи олии давлатӣ, ки ба император итоат мекард. Онро Пётри 1 ҳамчуи органи олии қонунбарорӣ ва идоракунии давлат таъсис карда буд. Аз нимаи 1-уми асри 19 органи олии судӣ буда, ба кори муассисаҳоя давлатй ва амалдорон назорат мебурд. Аа рӯи Уставҳои судии 1864— …
Муфассал »СЕМЁНОВ Николай Николаевич
СЕМЁНОВ Николай Николаевич (таваллудаш 15.0 4. 1896, Саратов), физик ва химики советӣ академики Академияи Фанҳои СССР (1932; аъзо-корреспондент 1929), ходими ҷамъиятӣ, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1966, 1976). Аъзои КПСС аз соли 1947. Соли 1917 Университети Петроградро хатм кардааст. Солҳои 1920—1931 корманди Институти физикаю техникаи Ленинград ва дар як вақт …
Муфассал »СЕМЁНОВ Александр Александрович
СЕМЁНОВ Александр Александрович (12. 10. 1873, губернияи Тамбов —16. 11. 1958, Душанбе), муаррихи советӣ, академики Академияи Фанҳои Республикаи Советӣ Сотсиалисти Тоҷикистон (1951), аъзо-корреспонденти Академияи Фанҳои Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон (1943), Ходими Хизматнишондодаи Илми Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон (1946) ва Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон (1944) , аъзои ҳақиқии Ҷамъияти илмии Бомбай. …
Муфассал »СЕМИНАРИЯ
СЕМИНАРИЯ (лотинӣ, мактаб), номи баъзе мактабҳои миёнаи махсус. Мактабҳои миёнаи динии христианӣ ҳам Семинария ном доранд. Дар Россияи пешазреволютсионӣ ва дигар мамлакатҳо — мактабҳои педагогӣ барои тайёр кардани муаллимони мактаби ибтидоӣ.
Муфассал »СЕМЁНОВ-ТЯН-ШАНСКИЙ Пётр Петрович
СЕМЁНОВ–ТЯН–ШАНСКИЙ (то 1906—Семёнов) Пётр Петрович (14. 01. 1827, наздикии деҳаи Урусово, ҳоло райони Чаплигини вилояти Липеск — 11. 03. 1914, Петербург), географи рус, статистик, ходими ҷамъиятӣ, аъзои фахрии Академияи Фанҳои Петербург (1873). Ноиб-раиси Ҷамъияти географии рус (1873—1914). Аъзои Совети давлатӣ (1897). Соли 1848 шӯъбаи табиатшиносии Университети Петербургро хатм карда, аз …
Муфассал »СЕМАШКО Николай Александрович
СЕМАШКО Николай Александрович (20. 09. 1874, деҳаи Ливени уезди Елеци губернияи Орлов—18. 05. 1949, Москва), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, яке аз ташкилотчиёни нигаҳдррни тандурустии советӣ, академики Академияи Илмҳои Тоҷикистон СССР (1944) ва АФП Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия (1945). Аз оилаи муаллим. Аъзои Партияи Коммунистӣ аз соли 1893. Соли …
Муфассал »«СЕЛЬСКАЯ МОЛОДЁЖЬ»
«СЕЛЬСКАЯ МОЛОДЁЖЬ», журнали ҳармоҳаи адабию бадеӣ ва оммавию сиёсии КМ ВЛКОМ. Аз соли 1924 мебарояд (аввал бо номи «Журнал крестьянской молодёжи», сонӣ— «Молодой колхозник» ва аз 1962 «Сельская молодёжь»). Адади нашр бештар аз 1,2 миллион нусха (1980). Аз соли 1966 иловаи адабии журнал — «Библаотека подвига и приключений» нашр мешавад. …
Муфассал »«СЕЛЬСКАЯ ЖИЗНЬ»
«СЕЛЬСКАЯ ЖИЗНЬ» («Ҳаёти деҳот»), газетаи ҳаррӯзаи КМ КПСС. Аз 27 марти 1918 мебарояд (аввал бо номи «Беднота», сонӣ «Сельское хозяйство» ва аз 1960 «Сельская жизнь»). Ҳафтае 6 маротиба дар Москва нашр мешавад. Бо орденҳон Ленин ва Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст. Адади нашр 9,5 миллион нусха (1981).
Муфассал »СЕЛЬВИНСКИЙ Илья Львович
СЕЛЬВИНСКИЙ Илья (Карл) Львович (24. 10. 1899, Симферопол —22.03. 1968, Москва), нависандаи советии рус. Аъзои КПСС аз соли 1941. Факултети ҷамъиятшиносии Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1923). Асарҳояш аз соли 1915 чоп шудаанд. Асарҳои давраи аввали эҷодиёташ ба Ҷанги гражданӣ (фоҷиаи «Командарми 2», 1928) оиданд. Охири солҳои 30 ба жанри …
Муфассал »СЕЙТВЕЛИЕВ Сейтнафе
СЕЙТВЕЛИЕВ Сейтнафе (таваллудаш 1919, деҳаи Тав-Қипчоқи собиқ райони Зуев, вилояти Симферопол), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1944), сержанти калон, аз оилаи деҳқон. Факултети коргариро дар шаҳри Симферопол хатм кардааст. Сейтвелиев 1939 ба сафи Армияи Советӣ даъват шуд. Аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар фронт буд. Сейтвелиев дар муҳорибаи назди Севастопол иштирок …
Муфассал »