Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 260)

Гуногун

Абубакр Ибни Абдуллоҳ

sitora

АБУБАКР Ибни Абдуллоҳ ибни ибни Умар ибни Довуд ал-Воизи Сафиуддин ал-Балхӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), воиз, фақеҳ, таърихнигор ва мутарҷими асри 13. Дар бораи аҳвол ва осораш иттилооти кофӣ дар даст нест. Аслан Абубакр аз Балх буда, бештар дар Хуросон умр ба cap бурдааст. Бархе бар ин акидаанд, ки …

Муфассал »

СКОП

mikroskop

СКОП (аз юнонӣ skopeo— нигоҳ мекунам, мушоҳида мекунам), қисми дуюми калимаҳои мураккабест, ки номи асбоб ё олоти мушоҳидаро ифода мекунад, масалан, микроскоп.

Муфассал »

СКОПИЯ

endoskopiya

СКОПИЯ (аз юнонӣ skopeo — нигоҳ мекунам, мушоҳида мекунам), як қисми калимаҳои мураккабест, ки мушоҳида ё тадқиқи зоҳириро ифода мекунад, масалан, эндоскопия.

Муфассал »

СКОБЕЛЕВ Михаил Дмитриевич

skobelev

СКОБЕЛЕВ Михаил Дмитриевич (29. 9. 1843, Петербург — 7. 7. 1882, Москва), ходими ҳарбии рус, генерал аз инфактерия (1881). Аз оилаи офисер. Баъди хатми Академияи Штаби генералии Николаев (1868) ӯро дар рутбаи штабс – ротмистр ба Окрути ҳарбии Туркистон фиристоданд. Соли 1872 ба Штаби генералӣ таъин мегардад, соли 1873 дар …

Муфассал »

СКОБЕЛСИН Дмитрий Владимирович

unknown_person-07

СКОБЕЛСИН Дмитрий Владимирович (таваллудаш 24. 11. 1892, Петербург), физики советӣ, академики АФ СССР (1946; аъзо –корреспондент 1939), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969). Баъди хатми Университети Петроград (1915) дар институтҳои политехникӣ (1916—37), физикаю техникаи (1925—39) Ленинград кор кард. Директори Институти физикаи АФ СССР (1951—72) буд. Солҳои 1929—31 дар лабораторияи М. Склодовская-Кюри тадқиқот …

Муфассал »

СКЛОДОВСКАЯ-КЮРИ Мария

sklovadovskaya

СКЛОДОВСКАЯ-КЮРИ Мария (7. 11. 1867, Варшава —4. 7. 1934, Сансолмо), физик ва химик; яке аз муаллифони таълимоти физикист оид ба радиоактивият. Миллаташ поляк. Баъд аз хатми Университети Париж (1895) ба П. Кюри ба шавҳар баромад ва дар лабораторияи ӯ кор кард. Соли 1903 дар мавзӯи «Тадқиқи моддаҳои радиоактив» рисолаи докторӣ ҳимоя …

Муфассал »

СКИАПАРЕЛЛИ Ҷованни Вирҷинио

skiaparelli

 СКИАПАРЕЛЛИ Ҷованни Вирҷинио (14. 03. 1835, Савиляно, Пемонт —04.0 7. 1910, Милан), астрономи италиявӣ. Ҳамчун тадқиқотҷии сайёраи Миррих машҳур аст: дар Миррих шабакаи хатҳои борики рост («каналҳо»)-ро ошкор сохт (1877). Дар асоси ин кашфиёташ фарзияе пеш ниҳод, ки гуё «каналҳо» иншоотҳои сунъӣ бошанд. Ин фаразияро ҳеҷ кас дастгирӣ накард. Скиапарелли …

Муфассал »

СКВОРСОВ – СТЕПАНОВ Иван Иванович

skvorsov-stepanov

СКВОРСОВ – СТЕПАНОВ Иван Иванович (фамилия Скворсов, лақаби адабиаш — И. Степанов); 08. 03. 1870, Богородск, ҳоло Ногинск, вилояти Москва—08. 10. 1928, Сочи), ходими давлатӣ ва партиявии совети, муаррих, иқтисодчӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1896. Соли 1890 Институти муаллимии Москваро хатм намуд. Дар Москва муаллим шуда …

Муфассал »

СКАЗКИН Сергей Данилович

skazkin

  СКАЗКИН Сергей Данилович (19. 10. 1890, Новочеркасск —14. 4. 1973, Москва), муаррихи советӣ, акадимики АФ СССР (1958), аъзои ҳақиқии АФП СССР (1947), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1970). Соли 1915 Ун-иверситети Москваро хатм намуд. Аз соли 1920 дар Университети Москва дарс додааст, 1949 роҳбари кафедраи таърихи асрҳои миёнаи Университети Москва ва …

Муфассал »

СИҚОЯ

СИҚОЯ (арабӣ —обдиҳӣ), 1) дар истилоҳотя пешина об додани замини аз ин пеш об дода нашударо гӯянд. Нигаред низ Обёрӣ. 2) Зарфи обнӯшист. 3) Ҷои обгирист.

Муфассал »