АБУЛАББОСИ ЛУКАРӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва донишманди форс-точик (асри 11). Дар Лӯкар (яке аз деҳоти Марви ҳамон давра) ба дунё омада, ҳамон ҷо касби камол на¬мудааст. Мувофиқи маълумоти сар- чашмаҳои адабӣ ва илмӣ Абулаббоси Лукарӣ шоири баркамоли давраш ба шумор мерафтааст ва девони ашъор доштааст, вале девони …
Муфассал »ЧАППОТӢ
ЧАППОТӢ, шапотӣ, як навъ нони тоҷикист. Хамираш расида. Баъди расидан 250—300 грамми завола мегиранд ва то 0,3 см тунук карда, дар танур ё дегдон мепазанд. Вазни ҳар Чаппотӣ тақр. 200—250 г ва диаметраш 30—50 см ва аз ин ҳам калонтар аст.
Муфассал »ЧАПЛИН Чарлз Спенсер
ЧАПЛИН (Chaplin) Чарлз Спенсер (16. 4. 1889, Лондон — 25. 12. 1977, Швейцария), актёр, кинорежиссёр ва сценариянависи америкоӣ. Аз оилаи ҳунарпешаи англис. Фаъолияти эҷодии ӯ аз с. 1907 дар группаи англисии пантоиимаи Ф. Карно ҳамчун артисти соҳибистеъдоди мазҳака оғоз ёфтааст. Мазҳакаҳои гуманистӣ, зиддикапиталистӣ ва зиддифашистии ӯ «Васвоси тилло» (1925), «Чароғҳои …
Муфассал »ЧАПАЕВ Василий Иванович
ЧАПАЕВ Василий Иванович (9. 2. 1887, деҳаи Будайки, ҳоло дар ҳудуди ш. Чебоксар» РАСС Чуваш.—15. 9. 1919, наздикии ш. Лбищенск, ҳоло ш. Чапаеви вил. Урали РСС Қазоқистон.), қаҳрамони Ҷанги гражданӣ (1918—20). Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз сент. 1917. Аз с. 1914 дар армия. С. 1918 отряди гвардиячиёни сурхро …
Муфассал »ЧАН КАЙШӢ Цзян Цзе-ши
ЧАН КАЙШӢ Цзян Цзе-ши (31. 10. 1887, Фен хуа, музофоти Чжэцзян — 5. 4. 1975, Тайбэй), сардори тартиботи гоминдан. Аз оилаи тоҷир. Академияҳои ҳарбии Баодин ва Токиоро хатм намудааст. С. 1927 табаддулоти контрреволюционӣ гузаронда, дар мамлакат тартиботи иртиҷоии диктаторӣ барпо кард. Баъди ғалабаи революцияи халқии Хитой якҷоя бо армияи боқимондааш …
Муфассал »ЧАНДРАГУПТА
ЧАНДРАГУПТА, шоҳи Ҳиндустони Қадим аз сулолаи Гуптҳо (ҳукмр. а-ҳои 4—6) буд. Аз авлоди шоҳони хурди давлати Магадҳо аст. Дар натиҷаи сиёсати дурусти хориҷӣ бурданаш мавқеашро мустаҳкам намуд ва шоҳи тамоми Магадҳо шуд. Ҳудуди давлати худро дар қисми шимоли Ҳиндустон васеъ намуд ва мувофиқи щартнома ба он як қисми терр. Балуҷистон …
Муфассал »ЧАНДРА Ромиш
ЧАНДРА Ромиш (тав. 30. 3. 1919, Лайлпур – 4. 07. 2016, Мумбай), ходими ҳаракати коргарии Ҳиндустон; президенти Совети умумиҷаҳонии сулҳ (аз 1977). Аъзои Партияи Коммунистии Ҳиндустон аз с. 1939, аъзои КМ-и он аз с. 1952, аъзои Совети миллӣ аз с. 1968. Солҳои 1966— 77 Котиби генералли Совети умумиҳиндустонии сулҳ. С. …
Муфассал »ЧАЛПАК
ЧАЛПАК, навъе аз нон, ки дар равғани доғ мепазанд. Чалпакро маъмулан дар идҳои динӣ, ба ёдбуди шахси фавтида, пеш аз додани оши сол мепазанд.
Муфассал »ЧАККА
ЧАККА, 1) як навъ маҳсулоти шириро гўянд. Асосан дар ресиубликаҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон маъмул аст. Ҷурғотро одатан ба халта андохта ба мех меовезанд, ки дар натиҷа зардоби он рафта, Чакка ҳосил мешавад. Дар баъзе маҳалҳо Чаккаро аз дўғ ҳам тайёр мекунанд. Витаминҳо ва моддаҳои органикии ҷурғот дар Чакка пурра …
Муфассал »ЧАЙКОВСКИЙ Петр Ильич
ЧАЙКОВСКИЙ Петр Ильич (7. 5. 1840—6, 11. 1893), бастакори рус. Симфониянависи маъруф, лирик ва драматурги мусиқӣ. Намунаҳои барҷастаи опера, балет, асарҳои симфонӣ ва камеравиро офаридааст. Операҳои “Евгений Онегин» (1878), «Мазепа» (1883), «Фаттона” (1887), «Моткаи қарамашшоқ» (1890), «Иоланта» (1891) ва балетҳои: «Кӯли қувон» (1876), «Нозанини хуфта» (1889), «Щелкунчик» (1892) ва ғ. …
Муфассал »