Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 213)

Гуногун

ЧАРХДЕГ

charxdeg

ЧАРХДЕГ, чахдег, чағдег, асбоби махсусест барои аз ҷурғот ҷудо намудани маска. Чархдег аз чархчӯб ва дег иборат аст. Таги дег ҳамвор буда, даҳонаш нисбатан танг аст. Он сафолин, чўбин ва ҳаҷмаш гу-ногун аст. Ҷурғотро ба Чархдег андохта дастак (тир)-и чархчўбро аз 2 ҳалқаи чӯбин (чахник)-и ба мех ё сутун басташуда …

Муфассал »

ЧАРОҒИ СИЁҲ

charoghi-siyoh

ЧАРОҒИ СИЁҲ, сиёҳчароғ, ҷинчароғ, як навъ чароғи махсуси сафолӣ ё филизиро гӯянд, ки тавассути фатила равшан мешавад. Он равғанҳои, нова ва плита дорад. Худи Чароғи сиёҳро ба таври гуногун (гӯшакдор, бегўшак, заминӣ, рӯимизӣ, овеза ва ғ.) месохтанд. Чароғҳои сиёҳи биринҷӣ, чуянӣ, мисии гуногун маъмул буданд. Дар мазору масҷидҳо ва ибодатгоҳҳо …

Муфассал »

ЧАРОГОҲ

charogoh

ЧАРОГОҲ, чарохӯр, чарохор, алафзореро гӯянд, ки барои чаронидани чорво истифода мебаранд. Чарогоҳ табиӣ ва кишта (мазрӯъ) мешавад. Набототи Чарогоҳҳои табиӣ асосан аз алафҳои бисёрсолаи худрӯй, баъзан гулсанг (тундра), нимбуттаву бутта (тундра, нимбиёбон ва биёбон) иборат аст. Чарогоҳи киштаро бо роҳи беҳтар кардани алафзори табииӣ (ҳамвор кардани пастиву баландиҳо, канда партофтани …

Муфассал »

ЧАРМ

charm

ЧАРМ, кемухт, сахтиён, пусти ош дода шудаи ҳайвонот аст, ки дар чармгарӣ ба кор равад. Чарм пустест, ки хосияти он зери таъсири василаҳои механикӣ, физикӣ ва химиявӣ вобаста ба таъинот тағйир дода шудааст. Дар СССР Чармро аз рўи аҳамият ба 4 гуруҳ — Чарми пойафзол, сарроҷию зин, техникӣ ва либосу …

Муфассал »

АБУЛАББОСИ САРАХСӢ

АБУЛАББОСИ САРАХСӢ (848, Сарахс – 901, Бухоро) навозанда, муси- қидон, олими форс-точик. Овони ҷавонӣ дар Марв таълим гирифта, барои донишандӯзӣ чанд муддат ба Бағдоду Димишқ, Ҳалабу Миср рафт. Сипас ба Бухоро омада, ба тадрису таҳкиқ мепардозад. Дар санъати мусиқии илмию амалӣ дониши комил дошта, муддати дароз аз асосҳои назариявии мусиқии …

Муфассал »

АБУЛАББОСИ САЙЁРӢ

АБУЛАББОСИ САЙЁРӢ Қосим ибни Абдуллоҳ (соли таваллуд 876,Марв – вафот 952, ҳамон ҷо), фақеҳ, муҳаддис ва мутасаввифи тоҷик, муассиси силсилаи тасаввуфи сайёрия. Ҷараёни зиндагӣ ва орои ӯро хоҳарзодааш Абдулвоҳид ибни Алии Сайёрӣ нақл намудааст. Мувофики он Абулаббоси Сайёрӣ дар оилаи сарватманд ва аҳли илм таваллуд шудааст. Тибқи иттилои Аттор дар …

Муфассал »

АБУЛАББОСИ РАБАНҶАНЙ

АБУЛАББОСИ РАБАНҶАНЙ Абулаббос Фазл ибни Аббос ё Шайх Абу- лаббос Фазл ибни Аббоси Рабанҷании Бухороӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 10). Давраи ҷавонӣ ва ибтидои фаъолияти шоирии ӯ дар Рабанҷан ном мавзеи сарзамини онвактаи Суғд гузаштааст. Низо- мии Арӯзии Самарқандӣдар «Чаҳор мақола» зикр мекунад, ки Абулаббоси Рабанҷанӣ …

Муфассал »

АБУЛАББОСИ НАЙРЕЗӢ

АБУЛАББОСИ НАЙРЕЗӢ Абулаббос Фазл ибни Хатим (соли таваллуд но­маълум – вафот тақрибан 922, Найрези Шероз), ҳайатшинос ва риёзидони араб. Дар Бағдод, дар дарбори халифаи аббосӣ Мӯътазид (ҳукмронии 822 – 903) кор ва эҷод кардааст. Соҳиби таълифоти бисёрест, амсоли «Зиҷ-ул-кабир», «Самт-ул-кибла», «Китоби тафсир», «Китоб-ул-арбааи Батлимус» ва ғайра. Китоби «Эхдос-ул-ҷав»-ро ба номи …

Муфассал »

АБУЛАББОСИ МУСТАҒФИРӢ

АБУЛАББОСИ МУСТАҒФИРӢ, номи пуррааш Насафии Самаркандӣ Ҷаъфар ибни Абуалӣ Муҳаммад ибни Абубакр (961 – 1041, Насаф), таърих- нигор, адаб, муҳаддис ва фақеҳи машҳур. Дар «Китоб-ул-ансоб»-и Самъонӣ омадааст, ки Абулаббоси Мустағфирӣ муддате чанд дар Марв, Сарахс, Нишопур, Бухоро ва Самарқанд умр ба cap бурдааст. Аз соли 987 дар масҷиди ҷомеи Насаф …

Муфассал »

АБУЛАББОСИ МАРВАЗӢ

АБУЛАББОСИ МАРВАЗӢ, Аббоси Марвазӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 9). Муаллифи «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» Ризоқулихони Ҳидоят Абулаббоси Марвазиро дуюмин шоири форсизабони баъдиисломӣ дониста, зикр менамояд, ки соли 809, ҳангоми ба Марв омадани халифаи араб Абулаббос Абдуллоҳ Маъмун (796 – 833) дар мадҳи ӯ ба забони форсӣ шеъре навишта тақдим …

Муфассал »