ШАДУНЦ Сурен Коистантинович (1898, ш. Шуша, собиқ губ. Елизаветполь, РСС Озарб.—1940), ходим давлатӣ ва партиявии советӣ. Аъзои КПСС аз с. 1917. С-ҳои 1931-32 раиси Иттиҳодияи пахтакории Ocиёи Миёна буд. С-ҳои 1932—34 котиби Бюрои осиёи миёнагии КМ ВКП(б). С-ҳои 1934—36 котиби якуми КМ ПК (б) Тоҷикистон С. 1936 дар Москва гурӯки …
Муфассал »ШАГИНЯН Мариэтта Сергеевна
ШАГИНЯН Мариэтта Сергеевна (2. 4. 1888, Москва—20. 3. 1982, ҳамон ҷо), адибаи советии рус, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1976), доктори илмҳои филология (1946), аъзо-корр. АФ РСС Арм. (1950). Аз оилаи олим ва табиби арман. Аъзои КПСС аз с. 1942. Дар роммани Шагинян «Қисмати май» (нашри пуррааш 1923) азнавсозии қисмати шахс таъкид …
Муфассал »ШАВҚИИ КАТТАҚӮРҒОНӢ Муҳаммадшариф
ШАВҚИИ КАТТАҚӮРҒОНӢ Муҳаммадшариф (1785, Каттақӯрғон—1871, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Таҳсили ибтидоиашро дар зодгоҳаш гузаронида, сипас барои такмили дониш ба Бухоро омад. Ба илмҳои мантиқ, фиқҳ, тафсир, ҳадис, риёзиёт, ҳандаса, сарфу наҳви арабӣ, бадеъ ва ғ-ро омӯхт. Ба шеъргӯӣ аз овони ҷавонӣ шурӯъ кард. Вай ба хидмати дарбор …
Муфассал »ШАВҚИИ БУХОРОӢ
ШАВҚИИ БУХОРОӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 16). Дар Бухоро зиндагӣ кардааст. Бино ба маълумоти «Му-заккир-ул-аҳбоб» Шавқии Бухороӣ дар доираи адабии Бухоро мавқеи намоён доштааст. Ӯ ғазал, рубоӣ. муаммо, хусусан мувашшаҳ (зубаҳрайни мустазод) -ро ҳунармандона суруда, дӯстӣ, садоқат, ишқ, табиат, баҳор, мурғони чаман, рӯзгорро васф кардааст ва …
Муфассал »ШАВВОЛ
ШАВВОЛ номи моҳи даҳуми солшумории ҳиҷрии қамарист. Рӯзи якуми Шаввол иди рамазон аст.
Муфассал »ШАБЧАРА
ШАБЧАРА, меваҷоти хушкеро гӯянд, ки дар шабнишиниҳо мехӯранд.
Муфассал »ШАБОВЕЗ
ШАБОВЕЗ, -чок, чокак, чӯк, мурғи шабовез, мурғи ҳақгӯй, мурғест, ки гӯё тамоми шаб ба як по истода фарёд мекашидааст. То чакраи хун аз гулӯяш начакад, хомӯш намешудааст.
Муфассал »ШАБНАМ
ШАБНАМ, рутубате, ки шабона ё саҳар ба рўи сабзаҳо, гиёҳҳо, гулҳо ва ғ. мерезад. Дар ҳавои софу бешамол, ки нурафшоии замин зиёд аст, бештар ба вуҷуд меояд. Шабнамро шудринг низ мегӯянд.
Муфассал »ШАБИ ЯЛДО
ШАБИ ЯЛДО дарозтарин шаби аввали моҳи дай, ки ба 22 дек. рост меояд ва онро инқилоби зимистонаи Офтоб инз мегӯянд. Офтоб дар ян вақт аз нуқтаи ҷанубтарини эклиптика (бо майли 23°27) мегузарад ва рўз аз ҳама кӯтоҳ ва шаб аз ҳама дароз мешавад. Бисьёр шоирони классикии форс-тоҷик Шаби ялдоро ҳамчун …
Муфассал »ЧӮҶАБИРЁН
ЧӮҶАБИРЁН, як навъ таом. Аз қадимулайём дар байни халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон, маъмул аст. Чӯҷаро паркан ва тоза карда, намак мезананд. Сипас ба дарозии тӯшаш чок намуда, бо сирпиёзи реза дар равғани доғ (15—20 дақ.) бирён мекунанд.
Муфассал »