ЮДЕНИЧ Николай Николаевич (30. 7. 1862, Москва—5. 10. 1933, Канн), сардори контрреволюция дар шим. ғарбии Россия (солҳои Ҷанги гражданӣ, 1918—20), генерал. Аз янв. 1915 фармондеҳи Армияи Кавказ. Март—апр. 1917 сарфармондеҳи фронти Кавказ, баъд ба истеъфо баромад. Тирамоҳи 1918 аввал ба Финляндия ва сонитар ба Эстония муҳоҷират намуда, дар он ҷо …
Муфассал »«ЭҲЁ-УТ-ТИБ»
«ЭҲЁ-УТ-ТИБ» «Эҳё-ут-тибби Субҳонӣ», асарест оид ба масъалаҳои тибби амалӣ ва шинохтану истифодаи навъҳои дору; Субҳонқулӣ Муҳаммад ба тоҷикӣ таълиф намудааст. «Э.» аз муқаддима ва ҳашт боб (ҳар боб аз чор фасл) иборат аст. Муқаддима оид ба ҳадди тиб ва мавзуи он, доир ба аркон (чор модда, яъне хок, об, ҳаво, …
Муфассал »«ЭҲЁ УЛУМ-ИД-ДИН»
«ЭҲЁ УЛУМ-ИД-ДИН» асари муҳимми Ғазолӣ роҷеъ ба масъалаҳои динӣ, фалсафӣ, тасаввуфӣ ва ахлоқист. С-ҳои 1099—1102 ба забони арабӣ таълиф шудааст. «Э.» аз 4 ҷилд (рубъ) иборат буда, дар рубъ 10 китобро дар бар мегирад. Муаллиф дар «Э.» бисьёр масъалаҳои ирфониро бо таълимоти динӣ ҷелом мувофиқ кунонида, равияи тозаи тасаввуфи муътадилонаро …
Муфассал »«ЭЪҶОЗИ ХУСРАВӢ»
«ЭЪҶОЗИ ХУСРАВӢ» асари сабкшиносии Хусрави Деҳлавист, ки аслан «Расоил-ул-эъҷоз» ном дошта, с. 1319 таълиф шудааст. «Э. X.» ҳаҷман калон буда (нусхаи чопии он 1179 саҳифаро дар бар мегирад), аз дебоча, панҷ рисола ва хотима иборат мебошад. Дар дебоча, ғайр аз қисмҳои анъанавӣ, аз хусуси сабкҳои гуногуни нигориш дар осори насрии …
Муфассал »ЭЪТИМОДНОМА
ЭЪТИМОДНОМА, ҳуҷҷатест, ки намояндаи дипломатӣ таъин шудани шахсеро дар дигар давлат тасдиқ мекунад; онро намояндаи мазкур ҳангоми ба кор шуруъ намуданаш ба сардори давлати хориҷа месупорад.
Муфассал »ЭЪТИБОРНОМА
ЭЪТИБОРНОМА, ваколати хаттиеро гуянд, ки шахси (ваколатдиҳанда) ба шахси дигар (вакил, намоянда) барои анҷом додани ягое амри ҳуқуқӣ (мас., харидуфуруш) медиҳад. Э. се навъ мешавад: Э.-и яккарата— барои анҷом додани як амри ҳуқуқӣ (мас., гирифтани маош); Э.-и махсус — барои анҷом додани амрҳои хусусияташон якхела (мас., Э.-и ҳуқуқшиносӣ корхона — …
Муфассал »ЭШОВ Раҳмат
ЭШОВ Раҳмат (тав. 1916, деҳаи Бештемири ҳозира p-ни Шаҳртуз), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1948). Иштирокчии фаъоли ҳаракати колхозӣ дар p-ни Шаҳртуз. С-ҳои 1932—35 колхозчӣ, 1935 —68 сардори звенои пахтакории к-зи «Бештемир» (ҳоло «Меҳнат-Роҳат»)-и р-ни Шаҳртуз ва аз с. 1968 нафақахури шахсӣ. С-ҳои 1947—48 звенои Э. ҳосили фаровони пахта руёндааст. Бо …
Муфассал »ЭШНАЗАРОВ Маҳмуд
ЭШНАЗАРОВ Маҳмуд (тав. 6. 5. 1930, деҳаи Қулоқлитеппаи p-ни Регар), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз с. 1957. С-ҳои 1947 — 50 колхозчӣ, сардори звенои пахтакории к-зи «Москва» (ҳоло ба номи В. И. Ленин), 1951 —55 дар сафи Ар-мияи Советӣ буд. Аз с. 1956 сардори бригадаи пахтакории к-зи …
Муфассал »ЭФИРИ ҷаҳонӣ
ЭФИРИ ҷаҳонӣ, муҳити фарзиеро номанд, ки ба ақидаи табиатшиносони асрҳои гузашта гуё воситаи аз ҷое ба ҷое паҳн гаштани рӯшноӣ ва умуман таъсироти мутақобили электромагнитӣ будааст. «Асоси» ақидаи табиатшиносони пешина дар бораи Э. ин буд: «Садо дар муҳити чандир паҳн мешавад. Мисли ҳамин, барои паҳн гардидани рӯшноӣ низ бояд муҳити …
Муфассал »ЭТИНГЕН Лев Ефимович
ЭТИНГЕН Лев Ефимович (тав. 8. 12. 1930, ш. Ленинград), анатоми советӣ, доктори илмҳои тиб (1966), проф. (1967). Ин-ти тиббии санитарию гигиении Ленинградро хатм кардааст (1955). Аз с. 1967 муаллими кафедраи анатомияи одами Ин-ти тиббии Тоҷикистон. Асарҳои асосии Э. ба морфологияи узвҳои дохилӣ ҳангоми таъсири омилҳои экстремали (хатарнок), омузиши системаи лимфавӣ …
Муфассал »