«ПРАВДА ВОСТОКА», газетаи республикавии ҳаррӯзаи РСС Ӯзб. Дар Тошкент ба забони русӣ нашр мешавад. Шумораи аввалини он 2 апрели 1917 бо номи «Наша газета» чоп шуда буд, баъд номаш якчанд маротиба тағйир ёфт. Аз охири ноябри 1924 «Правда Востока». Адади нашр қариб 230 ҳазор нусха (1978). Соли 1956 бо ордени …
Муфассал »Газетаи «ПРАВДА»
«ПРАВДА» («Ҳақиқат»), газетаи ҳаррӯза, органи КМ КПСС, дар Москва нашр мешавад. В. И. Ленин соли 1912 таъсис кард. Шумораи аввалини «Правда». 22 апрели (5 май) 1912 аз чоп баромад. Ба ҳамин муносибат рӯзи 5 май ҳар сол дар СССР ҳамчун Pӯзиu матбуот қайд карда мешавад. Таърихи «Правда», бо таърихи КПСС, …
Муфассал »ПОЯНДАИ ҚОБУЗИИ САМАРҚАНДӢ
ПОЯНДАИ ҚОБУЗИИ САМАРҚАНДӢ ҳофиз, навозанда ва бастакори асри 16 тоҷик. Дар Самарқанд ба дунё омада, санъати мусиқиро назди Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ ва Ҳасани Кавкабии Самарқандӣ омӯхт. Махсусан, дар сурудани қисматҳои мураккаби мақомҳо маҳорати том дошт ва ӯро бо эҳтиром Ҳофизи Поянда мегуфтанд. Пояндаи Қобузии Самарқандӣ дар мусобиқаи сурудхонӣ, сознавозӣ …
Муфассал »ПОЧТАМТ
ПОЧТАМТ (немисӣ Postamt), корхонаи калони алоқа, ки ба адолӣ, муассисаю корхонаҳо, ба ҳама намудҳои алоқаи почта, телеграфу телефон хизмат мерасонад. Дар СССР Почтамт дар марказҳои республикавӣ, кишварию вилоятӣ ташкил карда мешавад. Почтамт маркази идораи почтаи шаҳр буда, дар баробари иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ, корҳои шӯъбаҳои тобеашро низ ташкилу роҳбарӣ менамояд.
Муфассал »ПОЧТАИ ДИПЛОМАТӢ
ПОЧТАИ ДИПЛОМАТӢ, кашондани мактубҳои конвертдор (коғазхалта), ҷомадону борхалтаҳое, ки аз тарафи органҳои ваколатдор сурғуч, мӯҳру имзо гардида, ба онҳо варақаи куръера пур карда шуда, тавассути куръер ба ҷои муайян фиристода мешаванд. Адреси дар рӯи Почтаи дипломатӣ навишташуда бояд ба адреси курэрӣ мувофиқат кунад ва дар он аломати шартии «Expedition officale» …
Муфассал »ПОЧПОЯ
ПОЧПОЯ, заминест, ки гандумаш дарав шудааст.
Муфассал »ПОЧТА
ПОЧТА (пол. poczta) (робитаи почтагӣ), стантсия (ҷое, ки аспҳои почтаро иваз мекарданд), 1) он чизҳое, ки тавассути муассисаҳои алоқа мефиристанд: мактуб, газетаю журналхо, посилка, пул ва ғайра; 2) муассисаи алоқа (почтаро, нуқтаи алоқа, шӯъбаи ҳамлу нақли бор ва ғайра), ки он қабул, бурдан ва ба ҷои таъиншуда супурдани чизҳои фиристодашударо …
Муфассал »ПОЧОҶОНОВ Далер Набичонович
ПОЧОҶОНОВ Далер Набичонович (таваллудаш 3. 4. 1937, Душанбе), геолог ва минералоги советӣ, доктори илми геологияю минералогия (1976), профессор (1982). Соли 1959 факултети геологияи Университети Давлатии Москва ба номи Ломоносовро хатм кард. Солҳои 1959—1963 аспиранти Институти геохимия ва химияи таҳлилии ба номи В. И. Вернадскими АФ СССР. Солҳои 1964—1967 котиби илмии …
Муфассал »ПОЧАНГ
ПОЧАНГ, амбразура, рахнаи кушод дар иншооти мудофиавӣ, қалъа ва манора, барои тирпарронӣ аз тӯпҳо, миномёту пулемётҳо. Шаклу андозаҳои Почанг аз хусусиятҳои аслиҳа, сектор да шароити тирпарронӣ вобаста аст.
Муфассал »ПОЧОЕВ Олим
ПОЧОЕВ Олим (10. 6. 1904, Ӯротеппа— 3. 3. 1957, ҳамон ҷо). Яке фаъоли барпо ва мустаҳкам карда шудани Ҳокимияти Советӣ дар Осиёи Миёна, Қаҳрамони Ҷанги гражданӣ. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1929. Аз ибтидои Ҷанги гражданӣ ба отряди ихтиёриён ва соли 1926 ба Армияи Солҳои 1926—1938 ав- …
Муфассал »