БОЗОРОВ Мирзоқул (1907, деҳаи Заркӯҳи ноҳияи Исфара – 14.5.1974, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957), Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон (1947). Солҳои 1930-34 колхозчии колхози ба номи Сюрупа, 1934-64 раиси колхозҳои «Болшевик», «Пахтакор», «Коммунизм» ва ба номи Свердпови ноҳияи Исфара буд. Аз соли 1964 нафақагири шахсӣ. Депугати Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 5). Бо 2 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо (аз ҷумла медалҳои тилло ва нуқраи 1-Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ СССР) сарфароз гардидааст.
Tags Шахсони машҳур
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …