БОЗӢ, яке аз намудҳои асосии фаъолияти ҷисмию зеҳнӣ, ки дар инкишофи ҳамаҷонибаи фардии бачаҳо муҳим аст. Дар Бозӣ талаби ба олами атроф таъсир расондани кудак зоҳир гардида, сифатҳои фикрӣ, ахлоқӣ ва иродавиаш ташаккул меёбанд. Бозӣ дар кӯдак хамчун шақли баамалбарории фаъолият хидмат менамояд. Амалҳои Бозӣ дар кудакон дар натиҷаи тақлиди онҳо ба рафторҳои калонсолон ҳангоми муошират ташаккул меёбанд. Бозиҳо бештар хусусияти коллективӣ доранд. Дар Бозиҳои дастаҷамъӣ коллективи бачаҳо ба вуҷуд омада, сифатҳои дустӣ ва хамкории онҳо инкишоф меёбад. Бозиҳои гуногуни серҳаракат ва дидактикӣ ба дарки сифатҳои алоҳидаи ашё, инкишофи мушоҳидакорӣ, хулосабарорӣ ва дигар тарафҳои фаъолияти фикрӣ мадад мерасонанд. Кӯдак дар Бозӣ хусусиятҳои барояш номаълуми ашёро дониста, тадриҷан ба дарки таъсири байниҳамдигарӣ ва вазифаи ашё мерасад. Ҳамаи Бозиҳои дастаҷамъона, ки иҷрои онҳо риоя кардани қоидаи муайянро талаб мекунад, ба тарбияи ирода ва талабҳои умум итоат кунондани маҳорати бача ёрӣ мерасонад. Мазмуни Бозӣ бо инкишофи кӯдак низ тағйир меёбад. Дар синни хурди мактабӣ бачаҳо ба сифатҳои ҷасоратнокӣ, пурқувватӣ, чолокии одамон тақлидкунон бозӣ мекунанд. Дар синни миёнаи мактабӣ (хусусан дар 11-14-солагӣ) Бозиҳои дорои мазмуни романтикию қаҳрамонӣ аҳаммияти бештар пайдо менамоянд. Дар ин синну сол Бозиҳо дар худтарбиякунии бачагон нақши бузург мебозанд. Бозиҳо сужетнок, варзишӣ, дидактикӣ, бинокорӣ, конструкторӣ ва ғайра мешаванд. Бозиҳои калонсолон (масалан, варзишӣ) дар инкишофи шуури кӯдакон ва наврасон фаъолона таъсир мерасонанд. Бозиҳои таълимӣ (корӣ, сужетӣ-нақшӣ) низ мавҷуданд, ки солҳои охир дар раванди омӯзиш васеъ истифода мешаванд ва дар худ хусусиятҳои фаъолияти озӣ. ва таълимиро низ таҷассум мекунанд.
Адабиёт: Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика. Душанбе, 1988; Қодиров Қ. Б., Давлатов М. Т., Расулов С. X. Вожанамаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ. Душанбе, 2008.