БОТ (англисӣ boat — киштӣ), киштии миёнаҳаҷми яксутунаи боркашони ғунҷоишаш то 60 тонна (дар замони киштиҳои бодбонӣ), ки 6-8 тупи қутраш хурд дошт. Ботҳо барои сафарҳои баҳрӣ аршадор ва сафарҳои наздисоҳилӣ беарша мешуданд. Дар замони киштиҳои буғӣ Ботҳои бодбонӣ, бодбонию белдор ё муҳаррикдори ғунҷоишашон то 15 тонна вуҷуд доштанд, ки барои боркашонӣ ё дигар мақсадҳо таъйин шуда буданд. Ботҳо аз рӯйи намуди муҳаррик: белдор, бодбонию белдор, бодбондор ва мотордор; аз рӯйи истифода: халабонӣ, тиҷоратӣ, ғаввосӣ, наҷотдиҳанда, десантӣ ва ғайра мешаванд.
М. Холов.