МАЛТА, бошишгоҳи давраи палеолити боло дар соҳили дарёи Бела, наздикии деҳаи Мальта, 85 км ғарбтари ш. Иркутск. М. М. Герасимов соли 1928 кашф карда, то соли 1959 тадқиқ намуд. Осори иқоматгоҳҳои гуногун ёфт шудаанд. Аҳолии Мальта гавазни шимолӣ, мамонт, каркадан шикор мекард. Олоти сангӣ, маснуоти устухонӣ, инчунин бисьёр асбоби санъат ба даст омаданд. Қабри пур аз ҳар гуна ашёи тифле ёфт шуд.