Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОФТАИ БАДЕӢ

БОФТАИ БАДЕӢ

adabietБОФТАИ БАДЕӢ, яке аз лаҳзаҳои асосии эҷоди асари бадеӣ аст, ки нависанда воқеиятро ба назар гирифта, рӯйдоди нави бадеӣ месозад. Нависанда дар Бофтаи бадеӣ комилан мустақил нест ва ҳар чӣ хоҳад, ба офаридаҳояш аз худ маълумоти тоза зам наменамояд, балки ин афзудану иловаҳо ба тақозои мантиқии инкишофи рӯҳу равони қаҳрамон, ҷараёну равиши воқеа сурат мегирад. Ба қавли Арасту «шоир на дар бораи ҳодисаи ҳақиқатан рухдода, балки дар бораи он чизе, ки бояд рух бидиҳад, яъне, дар бораи он чи назар ба эҳтимолият ва ё зарурат рӯй доданаш мумкин аст, андеша меронад» («Поэтика». Москва, 1957). Бофтаи бадеӣ ҳатто дар асарҳои шарҳиҳолӣ, таърихӣ, таърихию инқилобӣ, очерк ва ғайра низ зоҳир мегардад, ки нависанда рафтори ҷудогона, азоби рӯҳӣ, гуфтугӯи қаҳрамонҳоро «аз худ мебофад». Л. Толстой гуфта буд, ки бе парвози тахайюл асар навиштан мумкин нест. Ба қавли М. Горкий «ҳаётро ба мушоҳида гирифтан, омӯхтану донистан кам аст, боз аз худ бофтан, эҷод ҳам ҳатмист. Эҷодиёт ин аст, ки майда-чуйдаҳои бисёреро ба як воҳиди кулл, ки то дараҷае яклухту умда буда, шаклу сурати мукаммал доранд, муттаҳид кардану даромехтан зарур аст… Бадеият бидуни бофтан муяссар намешавад, худи моҳияти раванди эҷодиёти адабӣ Бофтаи бадеӣ аст». («М. Горкний о литерату­ре». Москва,  1955). Яке аз унсурҳои Бофтаи бадеӣ идрок, тахайюл, қобилияти муоина, муқоиса, омӯзиши ҳодисаҳои табиат ва рӯйдодҳои ҳаёти ҷамъият мебошад. Бофтаи бадеӣ дар санъат ва адабиёт кори эҷодист, ки дар рафти он нависанда ҳаётро ба таври бадеӣ дарк мекунад. Бофтаи бадеӣ барои офаридани тимсоли «зинда» нақши бузург мебозад, зеро нақли одии берағбатонаи фактҳои воқеӣ танҳо «нақш»-и беҷони воқеиятро дида метавонад. Дар лирика ҳам Бофтаи бадеӣ ба назар мерасад ва муаллиф андешаҳои ниҳоии халқро ҳамчун дардҳои худаш ифода мекунад. Масалан, дар «Ту ҳам ёде бикун аз ман» ном шеъри А. Деҳотӣ на танҳо андешаҳои шахсии шоир, балки орзую умеди садҳо сарбози дур аз ёру диёр ифода гардидааст. Вобаста ба ҷаҳонбиниву дониши шоир дар бораи зиндагӣ ва рӯйдодҳои он бофтаву афзудаҳояш ҳамон андоза ба ҳақиқати ҳаёт наздикӣ пайдо мекунад. Қаҳрамонҳои осори онҳо баъзан чунин корҳоеро анҷом медиҳанд, ки худи муаллиф чашмдор набудааст. Чунин рафтору амалиёт аз мантиқи зиндагӣ ва ҷараёни воқеа бармеояд. Ҳеҷ асари санъат ва адабиёт дар ҳаёти воқеӣ ба сурати тайёр ва дар айни замон берун аз воқеияту ҳақиқати ҳаёт вуҷуд надорад. Хирад, идрок ва тахайюли бадеии Фирдавсӣ Рустами Дастонро офаридааст. Инчунин дар асоси андухтаҳои ҳаётии худ С. Айнӣ дар симои Қорӣ Исмат (дар повести «Марги судхӯр») ба тақозои ғоя ва усулҳои бадеию рӯйдодҳои давр муҳимта­рин хислатҳои бади судхӯрону хасисони дигарро низ ба қаҳрамон нисбат дода, нусхаи нави бадеии ҳаётро офаридааст, ки шакли ҷамъбастии зиндагист.

Ю. Акобирзода.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …