Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / БОФИЛЛ Рикардо

БОФИЛЛ Рикардо

imagesБОФИЛЛ (Bofill) Рикардо (таваллуд 5.12.1939), меъ­морӣ испаниягӣ. Яке аз асосгузорони «Устохонаи меъморӣ»-и Барселона («Taller de Arguitectura»), ки солҳои 1960-63 ташкил шуда, яке аз марказҳои меъмории пост­модернизм гардид. Иморатҳои сохтаи Бофилл-воҳидҳои маскунии Ксанаду дар Калп ва меҳмонҳонаи «Эл Кастелло» дар Ситхес (1969-75), заводи семент дар Барселона, 1970- 78), «Силсилатоқи кӯлҳо» дар Сен-Кантен-ан-Ивелин, (1972-75), «Абраксас» дар Марн-ла-Валле (1978-83), «Зинапояҳои барқӣ» (1979-85; ҳамаашон дар Порис ё атрофи он) ҳамчун ҳайкали азими бетонӣ ё услуби романтикии аҷиб ба назар мерасанд. Асарҳои баъдии ӯ аз ҷиҳати шакл ҷиддӣ буда, дар рӯҳи хай-тека сохта шудаанд (аэро­порти нав, 1988-92, вокзали баҳрӣ дар Барселона, 1999- 2001; Қасри конгресс дар Мадрид, (1990-92). Бофилл эҷодиёти худро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок карда, китобҳои «Роҳ ба сӯи шаҳр дар фазо» (1968), «Меъмории инсон» (1989), «Фазо барои ҳаёт»-ро (соли 1990 ба русӣ тарҷума шуд) ба табъ расонд.

Адабиёт: Шукурова А. Н. Архитектура Запада и мир искусства 20 века. Москва,  1990; Новая российская энциклопедия. Т. III (1). Москва,  2007.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …