АБУСАИДХОН (соли тавллуд номаълум – вафот 1533), хони Бухоро (1531 – 33). Аз сулолаи Шайбониён, фарзанди Кӯчкунҷухон. Ҳангоми хони Бухоро буданаш байни аҳли дарбор барои соҳиб шудан ба тахту тоҷ низоъҳои бисёре pyx дода буданд. Абусаидхон олими машҳури соҳаи тасаввуф ва муриди вазираш Офоқхоҷа буд.