Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУНАСРИ МАНСУР

АБУНАСРИ МАНСУР

АБУНАСРИ МАНСУР ибни Алӣ (соли таввллуд номаълум – вафот тақрибан 1036), мунаҷҷим ва риёзидони хоразмӣ. Нахустин устоди Абурайҳони Берунӣ. Бахшида ба шогирдаш дар боби нуҷуму риёзиёт 12 рисола таълиф намуда­аст. Ба қавли Умари Хайём «риёзидо­ни бузурги даврон» буд.

Дар Хоразм бо Ибни Сино, Абусаҳди Масеҳӣ, Абулхайри Хаммор ва Абурайҳони Берунӣ ҳамкории илмӣ дошт. Доир ба тригонометрия ва астрономия чанд асар менависад, ки «Ал-Маҷастӣ аш- шоҳӣ» («Ал-Маҷастии шоҳӣ»), «Ри­сола фӣ-л-устурлоб» («Рисола доир ба устурлоб») аз қабили онҳост. Ба асарҳои олимони Юнони Қадим Менелай ва Евклид (Уклидус) шарҳ навиштааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …