Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛЪАЛОИ ШУШТАРӢ

АБУЛЪАЛОИ ШУШТАРӢ

АБУЛЪАЛОИ ШУШТАРӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс- тоҷик (асри 10). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Шоирону адибони асрҳои 11 – 12 аз ӯ чун шоири забардасту тавоно ёд кардаанд. Масалан, Манучеҳрӣ Абулъалои Шуштариро дар як шеъраш аз ҷумлаи шоирони забардасти ахди Сомониён ном бурдааст. Абулъалои Шуштарӣ яке аз аввалин касонест, ки рисолаҳои адабиётшиносӣ таълиф кардааст. Бино ба ишораи Родуёнӣ, дар илми арӯз ба забони форсӣ-тоҷикӣ асаре таълиф карда будааст.

Аз осори Абулъалои Шуштарӣ то ҳол 19 байти дар фарҳанги Асадии Тусӣ («Луғата фурс») ва «Тар- чумон-ул-балоға»-и Родуёнӣ сабтгардида дастрас шудаанд. Ду байт ба тарзи муаммо ба номи «Алӣ» дорад, ки ин нишонае аз қадимӣ будани муаммонависӣ мебошад. Абёти дигараш дар мавзӯъҳои ишқӣ, ситоиши май нигошта шудаанд. Абёти зерин намунае аз ашъори ӯст:

Биёвар он ки гувоҳӣ диҳад зи ҷом, ки: «Ман
Чаҳор гавҳарам андар чаҳор ҷой мудом –
Зумуррад андар токам, ақиқам андар ғужб,
Суҳайлам андар хум, офтобам андар ҷом».

Адабиёт: Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Душанбе, 2007.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …