АБТАРИИ БАДАХШӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 16). Дар Бадахшон ба дунё омада, замони ҳукмронии Акбар (1556 – 1605) ба Ҳиндустон меравад ва ба хидмати дарбор дохил мешавад. Абтарии Бадахшӣ аз шоирони мутасаввиф, мӯътакиди таълимоти Ибни Арабӣ (1165-1240) буд. Тазкиранависон дар шеъргӯӣ маҳорату табъи равон дош- тани Абтарии Бадахширо зикр кардаанд. Аз осори ӯ шеърҳои пароканда боқӣ мондаанд, ки онҳо дар маъхазҳои гуногун сабт гардидаанд. Абёти зерин аз ӯст;
Гуфтӣ: «Вафо кунем ба аҳбоб ё ҷафо?»
Эй шӯх, бандан сухани аввалем мо.
* * *
Миёни олиму ҷоҳил ҳамин қадар фарқ аст,
Ки ӯ кашидаинон асту ин гусастамиҳор.
•
Ҷифаи дунё надорад пеши мо ранге, ки лаъл
Мешавад мурдорсанг аз дасти истиғнои мо.
Адабиёт: Абдулқодири Бадоюнӣ. Мунтахаб-ут-таворих, ҷилди 3, Калкатта, 1929; Қусайнкулихони Азимободӣ, Нештари ишқ, ҷилди I, Душанбе„ 1981. А. Алимардонов.