АБСТРАКСИОНИЗМ, санъати абстрактӣ (лотинӣ abstractio – дур шудан, мавҳум, тасаввури номушаххас), санъати мавҳум, ҷараёни иртиҷоӣ дар рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва графика, ки хилофи реализм аст. Дар як қатор мамлакатҳо охири асри 19 ва аввали асри 20 ба вуҷуд омад. Абстраксионизмро дар санъати тасвирӣ, «санъати бе ашё», дар кинематография «антифилм», дар адабиёти бадеӣ «антироман» ва ғайра меноманд. Асосгузорони Абстраксионизм санъаткорони голландӣ Пит Мондриан, франсавӣ Робер Делоне, испанӣ Франсис Пикабия, рус Вавислий Василевич Кандинский ва Каземир Северенович Малевич буданд. Абстраксионизм чун мафкура зуҳуроти фалсафаи фардӣ, субъективӣ ва таълимоти идеалистии «санъат барои санъат» мебошад.
Тарафдорони Абстраксионизм вазифаҳои ҷамъиятии санъатро ба инобат нагирифта, эҳсосоти шахсии рассомро воситаи асосии тасвир ҳисоб мекунанд ва барои «озодии мутлақ» аз воқеият ва ҷамъият мекӯшанд. Ба фикри назариётчиёни Абстраксионизм санъат ҳақиқатро не, балки эҳсосоти субъективии санъаткорро ифода мекунад. Барои ҳамин, онҳо аз тасвири ҳаққонии ҳодиса ва чизҳои объективӣ даст кашида, дар санъати рассомӣ ба воситаи рангу доғҳо ва хатҳои гуногун, дар хайкалтарошӣ бо шаклҳои бемазмун, дар мусиқӣ бо садоҳои гӯшхарошу нофаҳмо эҳсосот ва афкори худро ифода мекунанд.
Абстраксионизм типикунонии ҳақиқати объективӣ, шаклу анъанаҳои миллӣ ва моҳияти иҷтимоии санъатро рад намуда, диди эстетикиро (зебопарастиро) нодуруст шарҳ медиҳад ва инсонро аз дарки зебоиҳои табиат ва ҳаёти иҷтимоӣ маҳрум месозад. Ҳоло Абстраксионизм дар зери таъсири равияҳои пешқадами санъати тасвирӣ мавқеи худро тадриҷан аз даст медиҳад.
Ф. Турсунзода.