Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдурраҳими Низорӣ

Абдурраҳими Низорӣ

Абдурраҳими Низорӣ (1770, Қошғар – 1848, Турфон), шоир ва хаттоти уйғур. Дар дарбори ҳокими Қошгар Зуҳуриддинбек котибӣ кардааст. Барои мактабу мадрасаҳои уйғурӣ дар асоси асарҳои Ҳофиз ва Навоӣ дастурҳои таълимӣ тартиб додааст: «Хоҷа Ҳофиз», «Навоӣ» (1805).

Дар адабиёти уйғур нахустин бор 9 достони машҳури адабиёти классикии форс-тоҷик («Фарҳод ва Ши­рин», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Вомиқ ва Узро», «Чаҳор дарвеш», «Маҳзун ва Гулнисо», «Масъуд ва Дилоро», «Робия ва Саъдин», «Дурр-ун-наҷот», «Малика ва шоҳ»)-ро мураттаб намуда, ба ҳар яке аз достонҳо дебоча навиштааст. А. беш аз 20 достон, 80 мухаммас, қасида ва қиссаҳо эчод кардааст.

Абдурраҳим инчунин шеърҳои Бедил, Навоӣ, Хайём, Ҳофиз, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва аз «Ҳазору як шаб» 370 ҳикояро ба забони уйғурӣ тарҷума намудааст. Куллиёти Навоиро ки- тобат кардааст. Нусхаи нодири он дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз аст (№ 136).

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …