Абдуллоҳи Шаҳобӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти форс-тоҷик (асри 16). Дар Казвин умр ба сар бурдааст. Дар айёми ҷавонӣ ба омӯзиши хаттотӣ ва анвои хат пардохта, ин пешаро ба хубӣ аз худ намудааст.
Бино ба маълумоти тазкираи «Тӯҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ Абдуллоҳи Шаҳобӣ қобилият ва истеъдоди баланди хаттотӣ дошта, дар хушнависӣ маълуму машҳур будааст ва осори назму насри классикою форсу тоҷикро китобат намудааст. Мутассифона, аз осори хаттотии Абдуллоҳи Шабоҳӣ то замони мо чизе нарасидааст.