Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоев Файзулло

Абдуллоев Файзулло

Абдуллоев Файзулло (1954, ноҳияи Фархор – 1993, Душанбе), генерал- майори милитсия (1993, пас аз вафот). Хатмкардаи Институти давлатии педгогии Душан­бе (1977) ва Мак­таби            милитси­яи ВКД СССР дар         Тошканд (1989).

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Советӣ (1977 – 1979), нозири кор бо ноболиғони шӯъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (1979 – 1988), сардори Шӯъбачаи милитсияи Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ (1988 – 1990), муовини сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ (1990 – 1991, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор (1991 – 1992). Аз 26. декабри 1992 командири баталиони таъйиноти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Бо медалу ифтихорномаҳои давлатӣ сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …