Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулкарими Xоразмӣ

Абдулкарими Xоразмӣ

Абдулкарими Xоразмӣ (соли таваллудаш номаълум – вафоташ тахминан байни 1482 – 1487, Шероз), хаттот ва шоири тоҷик (асри 15). Зодгоҳаш Шероз. Азбаски аҷдодаш аз Хоразм будаанд, тахаллусаш «Хоразмӣ»-ро ихтиёр кардааст. Тибқи иттилооте ҳаёти Абдулкарими Xоразмӣ асосан дар Шероз гузаштааст.

Аммо барҳе бар ин ақидаанд, ки Абдулкарими Xоразмӣ замони ҳукумати Султон Яъқуби Оққуюнлу (ҳукмрониаш 1478 – 1490) дар Табрез иқомат доштааст. Абдулкарими Xоразмӣ аз овони бачагӣ ба хаттотӣ шуғл варзида, сипас дар ин пеша машҳур гаштааст.

Бародари Абдулкарими Xоразмӣ Абдурраҳими Хоразмӣ низ хаттотӣ соҳибистеъдод будааст. Бино ба маълумоти муаллифи китоби «Гулистони ҳунар» Қозӣ Аҳмад сабку услуби хаттотии бародарон ба ҳам монандӣ доштааст. Ин ду хаттот дар ҳунари хаттотӣ падарашон – Абдурраҳмони Хоразмиро устоди худ шумурдаанд. То замо­ни мо намунаҳои осори хаттотии Абдулкарими Xоразмӣ расидаанд, ки аз маҳорати баланди ӯ дар навиштани хати настаълиқ шаҳодат медиҳанд.

Бино ба маълу­моти сарчашмаҳои таърихӣ Абдулкарими Xоразмӣ шогирдони зиёдеро тарбият наму­дааст, ки хаттот ва наққоши номӣ Муҳаммади Баққол яке аз онҳост. Абдулкарими Хоразмӣ  ва бародараш табъи шоирӣ низ доштаанд. Намунаҳои китобати Абдулкарими Xоразмӣ дар китобхонаҳои давлатии Истанбул, Теҳрон, Санкт-Петербург маҳфузанд.

Ад.: Казн Ахмед, Трактат о каллиграфах и художниках. М.-Д., 1947; Энсиклопедиян адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. I. Д.. 1988; А ш рафӣ М., Миниатюра: От Беҳзода до Ризай-и Аббаси, Д., 2011.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …