Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулҷаббори Ургутии Самарқандӣ

Абдулҷаббори Ургутии Самарқандӣ

Абдулҷаббори Ургутии Самарқандӣ (1831/1832, Ургут – 1912, ҳамон ҷо), хаттот ва шоири тоҷик. Яке аз чаҳор нафар ихтироъкорони навъҳои хати настаълиқ. Услуби хаттотии се нафари аввал (Мавлавӣ Соқӣ Муҳаммад, Сиддиқхони Дарахтӣ, Сиддиқхони Иштихонӣ)-ро минбаъд чандин хушнависон пайравӣ ва аз худ кардаанд, вале тарзу услуби Абдулҷабборро ҳарчанд кӯшида бошанд ҳам, касе пайравй карда натавонистааст.

Садри Зиё дар «Рисолаи хаттотон» чунин оварда: «Барои ёд гирифтани равиши китобати хати Абдулҷаббори Ургутӣ бисёр кӯшиш кардам, вале муяссар нашуд. Ҳол он ки равиши хати котибони дигарро бо андаке кӯшиш худи худашон барин менавиштам. Аз шариконам Абдурраҳим ном як шахсро ба хизмати Абдулҷаббор ба Ургут фиристодам.

Бо чандин душвориҳо ба назди хаттот расида рафт. Дар он ҷо се моҳ шогирд истода ва ҳама машқ карда, аз ӯ таълими хат гирифт. Баъд се қалами бо қаламтароши худ тарошидаи Абдулҷабборро гирифта ба Бухоро баргашт. Ман ҳамин қаламро гирифта машқ кардам ва худи хати Абдулҷаббор барин менавиштагӣ шудам». Абдулҷаббор матнро зебову хоно ва бехато менавишт.

То ҳол касе аз матни китобаткардаи ӯ ғалате наёфтааст. Аз ин хушнависи номӣ беш аз 250 адад асари китобатшуда боқӣ мондааст. Абдулҷаббор шеър ҳам эҷод кардааст, ки порчаи зайл тазмин ба миёраи Камоли Исфаҳонӣ «Дил барканам ман аз туву бардорам аз ту меҳр» мебошад:

Чун гирдбод оҳ зи хокам кашад алам.

Бар фарқи рӯзгор нишонад ғубори ғам.

Чун дил ба ҷои хеш бувад, к-аз ниҳеби дард,

З-ин ошёна торами ором карда рам…

Гирад ба ҳар ду даст сари худ аҷал зи бим,

Ҷое ки ғамзаи ту кашад ханҷари ситам…

Инчунин кобед

sadi

САЪДӢ – Саъдии Шерозӣ

САЪДӢ Муслиҳуддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифуддин (1203/8, Шероз—1292, ҳамон ҷо), шоир, насрнавис ва мутафаккири форс-тоҷик. …