Абдулин Зоҳид Муҳабулович (1906, деҳаи Таткулмаюри ноҳияи Чердаклини вилояти Уляновски Россия – вафоташ маълум нест), арбоби давлатӣ ва сиёсӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Солҳои 1924 – 1926 дар мактаби ҳизби коммунистии шаҳри Самара таълим гирифта, солҳои 1926 – 1930 муаллим, 1930 – 1933 мудири шӯъбаи Комитети ҳизбии шаҳри Тошҳавзи Туркманистон буд.
Соли 1937 Университети умумииттифоқии хоҷагии қишлоки Ленинградро хатм карда, солҳои 1937 – 1961 котиби якуми Комитетҳои ҳизби коммунистии ноҳияҳои Ашт, Пролетар, Мурғоб, Орҷоникидзеобод, шаҳрҳои Конибодом, Кӯлоб ва солҳои 1961 -19 64 сардори Ширкати саноати гӯшту шири РСС Тоҷикистон буд. Аз соли 1964 нафақагир буд. Вакили Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 2 – 6). Бо 3 ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 3 ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо, ифтихорномаҳо ва дигар мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз гардидааст.