Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулҳайи Муҷахарфӣ

Абдулҳайи Муҷахарфӣ

Абдулҳайи Муҷахарфӣ, Шайх Абдулҳайи Домулло Муҳаммадсобири Абдулазим (1867, деҳаи Муҷаҳарфи Раштқатл 1931, маҳаллаи Сариосиёи Душанбе), адиб, донишманд ва орифи тоҷик. Падари Абдулҳайи Муҷахарфӣ таҳсилкардаи яке аз мадрасаҳои Бухоро ва муфтии Муҷаҳарф буд. Абдулҳайи Муҷахарфӣ таҳсили ибтидоиро назди падар шурӯъ карда, минбаъд аз шайх Шаҳобуддини Ёзгандӣ (пири тариқат дар Тавилдара) сабакҳои мазҳабӣ гирифтааст.

Абдулҳайи Муҷахарфӣ дар баробари огоҳии комили мазҳабӣ аз илмҳои роиҷи замонааш – адаб, сарфу наҳви форсию арабӣ, тасаввуфу ирфон, фалсафа ва амсоли инҳо хҳам баҳраманд гардидааст. Абдулҳайи Муҷахарфӣ асосан дар зодгоҳаш ба таълиму тадриси масоили мазҳабӣ машӯулият дошта, ҳамзамон асарҳои арзишманде низ эҷод кардааст. Соли 1930 ӯро ба ҷурми таблиғоти мазҳабӣ ва душмани Ҳукумати Советӣ тӯҳмат карда, ҳабс мекунанд ва соли 1931 ҳукми қатлаш иҷро мегардад.

Аз Абдулҳайи Муҷахарфӣ мероси адабию илмии арзишманде боқӣ мондааст: «Муфиз-ул-анвор» (рисолаи таълимӣ-ирфонӣ иборат аз 5 боб), «Далел-ус-соликин» (асари манзуми ишқӣ-динӣ-ахлоқӣ иборат аз 3800 байт), «Муфид-ул-муъминин» (маснавии ахлоқӣ-динӣ иборат аз 4000 байт), «Девони ашъор» (иборат аз 968 ғазал, тарҷеот, маснавиҳои хурд, рубоиёт (102 адад), муноҷот, мухаммасҳо, наът, таърих, дубайтиҳо) ва «Канз- ул-мавоиз» (асари динӣ-ахлоқии мансури пораҳои манзумдошта, ки аз 35 боб иборат аст). Тамоми ин осори гаронбаҳо бо хати зебои настаълиқи муаллиф китобат шудаанд.

Ба итти лои шоҳидон Абдулҳайи Муҷахарфӣ боз чанд асари дигар ҳам доштааст (аз ҷумла «Ойинаи шавқ», «Гулзори тақдир»), ки то ҳанӯз дастрас нагардидаанд. Дар осори Абдулҳайи Муҷахарфӣ ҳам мавзӯъҳои ирфонӣ- ахлоқӣ, ҳам матлабҳои соф динӣ- мазҳабӣ ва ҳам масоили иҷтимоӣ, тарбиявӣ ва дигар мавзӯъҳои дунявӣ матраҳ гардидаанд. Ҳатто дар масои­ли соф мазҳабӣ ҳам Абдулҳайи Муҷахарфӣ мутаассиб набуда, воқеъбин аст.

Чунончи дар «Муфид-ул-анвор меорад: «…маро аҷаб аст, ки мардум қатъи манозил ва тайи мароҳил намуда ба ҳаҷ мераванд, ки то ба Каъба бирасем, зеро осори анбиё дар он ҷост! Чаро қатъи бодияи нафсу ҳаво намекунанд, ки ба дилҳои худ бирасанд?!» Маснавиҳои Абдулҳайи Муҷахарфӣ дар пайравии маснавиҳои Саноӣ, Аттор ва Ҷалолуддини Румӣ таълиф гардида, «Канз-ул-мавоиз»-и ӯ дар сабку услуби «Гулистон»-и Саъдӣ ва «Баҳористон»-и Ҷомӣ эҷод шудааст. Абдулҳайи Муҷахарфӣ рӯю риёро намеинсандид ва чунин «зоҳидон»-ро мазаммат кардааст:

Машоихҳои ин даврон тамомӣ раҳзани динанд,

Ҳама афтода дар доми фиреботи шаётинанд. Барои сайди халқон густарида доми тазвире,

Гирифтори ҳавои нафс, фориғ аз ғами динанд…

Абдулҳайи Муҷахарфӣ дар ҳавзаи адабии Бухорои Шарқӣ аз суханварони маъруф маҳсуб меёфт.

Ос.: Абдулҳайи Муҷахарфӣ, Муфиз-ул-анвор ва девони ашъор. Тадвини Абдулҳайи Муҷахарфӣ  Хуросонӣ ва Б. Каримов, М., 2003.

Ад.: Хуросонӣ А. М., К а р и м о в Б., Абдулхайи Муҷахарфӣ. Алманахи Боргоҳи сухан, кит. 1, М., 2003; Шоирони Мовароуннаҳр. Таҳияву тадвини Абдулҳайи Муҷахарфӣ Хуросонӣ, Д., 2006.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …