Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдибеки Шерозии Ҳамадони

Абдибеки Шерозии Ҳамадони

Абдибеки Шерозии Ҳамадони (таваллудаш 1557, Ҳамадон – вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш – Ҳамадони Эрон таҳсил карда, ба камол расидааст. Аз хонадони шахсони фозилу донишманд, хоҳарзодаи шоир Ҳалоқӣ ва бародари калонии шоир Рашкӣ буд.

Ҳафт маротиба ба Ҳиндустон (охирин бор соли 1616) сафар карда, бо шоирону адибони ин кишвар вохӯрдааст ва дар махфилҳои адабӣ иштирок доштааст. Адибон Абулфазл ибни Муборак, Мирзо Абдурраҳимхони Хони Хонон ба Абдибек ҳусни таваҷҷӯҳ доштанд, ба ӯ ёрии моддӣ ва маънавӣ мерасониданд. Абдибек шоири соҳибдевон аст. Девонаш аз 3000 байт иборат буда, дар он навъҳои гуногуни шеър, махсусан ғазал, рубоӣ ва ғайра фароҳам омадаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …