ФУНКСИЯИ БАРЪАКС, яке аз мафҳумҳои муҳимми назарияи функсияҳост. Агар фулксияи у =f(х) дода шуда бошад, дар он х тағйирёбандал мустақил (аргумент), у тағйирёбандаи вобаста (функсия) мебошанд. Агар х-ро ҳамчун тағйирёбандаи вобаста ва у-ро чун тағйирёбандаи мустақил муоина кунем, он гоҳ мегӯянд, ки байни тағйирёбандаҳои х ва у вобастагии функсионалии ба …
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
ФУНКСИЯ
ФУНКСИЯ (аз лотинӣ funtio — иҷро кардан, амалӣ гардонидан), яке аз мафҳумҳои асосии математикист, ки вобастагии як бузургии тағйирёбандаро ба дигараш ифода мекунад. Бузургии тағйирёбандае, ки новобаста тағйир меёбад, бузургии тағйирёбандаи мустақил ё аргумент буда, бузургии тағйирёбандае, ки ба аргумент вобаста аст, функсия (бузургин тағйирёбандаи вобаста) иом дорад. Маҷмӯи бузургиҳои …
Муфассал »ФУНКСИОНАЛ
ФУНКСИОНАЛ, мафҳуми математикиест, ки сараввал дар ҳисоби вариационӣ ба вуҷуД омадааст ва бузургии тағйирёбандаи ба функсия (хат) ё ба якчанд функсия вобастаро ифода мекунад. Бо инкишофи таҳлили функсионалӣ маънои истилоҳи «Функсионал» васеъ шуд. Ҳоло ин мафҳум функсили ададиеро ифода мекунад, ки дар ягон фазои ҳатмӣ муайян шудааст.
Муфассал »ФУНГИСИДҲО
ФУНГИСИДҲО (аз лотинӣ fungus занбӯруғ ва саеdо — мекушам), моддаҳои химиявист (моеъи бордо, хлороксиди мис, каптан, маҳлули оҳаку сулфур, коллоиди сулфур, формалин, грапозан ва ғайра), ки ба муқобили касалиҳои занбӯруғии растаниҳо истифода мешаванд. Ба растанӣ, тухмӣ, кӯчат, хок, анборҳои сабзавот ва ғайра асосан маҳлули 0,5— 2-фоиза ва баъзан хокаи фунгисидҳоро …
Муфассал »ФУМИГАНТҲО
ФУМИГАНТҲО (аз лотинӣ fumigo — дуд мекунам), воситаҳои химиявиеро гӯянд, ки бо усули фумигасия барои маҳви зараррасонҳои хоҷагии қишлоқ ва касалиангезҳои растанӣ ба кор мебаранд; мансуби пестисидҳо. Дар анборҳо, гармхонаҳо, парвардахонаҳо истифода мебаранд. Фумигантҳоро барои коркарди дон, меваю сабзавот низ кор мефармоянд. Фумигасияро бо мошинҳои махсус анҷом медиҳанд.
Муфассал »ФУЛФУЛ
ФУЛФУЛ, филфил, нигаред Мурч.
Муфассал »ФУЗАРИОЗИ ПАХТА,
ФУЗАРИОЗИ ПАХТА, як навъ касалии ниҳоли пахтаро гӯянд, ки занбӯруғи ҷинси Ғusarium ба вучуд меоварад. Дар СССР ин касалиро бори аввал дар ниҳоли пахтаи маҳиниахи раёни Хуҷанд (1938), баъд Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ва вилояти Сурхандарёи Узбекистон (1940) ошкор кардаанд. Он вақтҳо аксари навъҳои пахтаи (маҳиннах (35—1,23, 2ИЗ ва ғайра) ба ин …
Муфассал »ФУКИДИД
ФУКИДИД (тақрибан 460-400 то м.), муаррихи Юнони Қадим. Дар давраи ҷанги Пелопоннес (424 то м.) стратег буд. Ба лашкаркаши Спарта — Брасид дар тасарруфи Амфипол халал расонда натавониста, дар Афина маҳкум ва аз ватан бадарға шуд. Баъди 20 соли дурӣ аз ватан с. 404 ба Афина баргашт ба роҷеъ ба …
Муфассал »ФУЗУЛӢ Муҳаммад Сулаймон
ФУЗУЛӢ Муҳаммад Сулаймон (1498, ноҳияи Карбалои Ироқ— 1556), шоир ва мутафаккири Озарбойҷон. Асарҳояш ба забонҳои туркӣ (озарбойҷонӣ), форсӣ ва арабӣ таълиф шудаанд. Фузулӣ дар назди падараш савод бароварда, таҳсилро дар мадрасаи Бағдод давом дод. Чанд сол дар мадрасаи Бағдод мударрис буд. Фузулӣ дар забонҳои форсӣ, туркӣ ва арабӣ се девони …
Муфассал »ФУДЗИЯМА
ФУДЗИЯМА, Фудзи, Фудзисан, вулқони амалкунандаест дар ҷазираи Хонсю, қуллаи аз ҳама баландтарини Япония (3776 м). Фудзияма ба конунси рост шабоҳат дошта, диаметри танӯраи қуллааш 700 м ва чуқуриаш то 100 м мебошад. Аз соли 781 инҷониб Фудзияма 12 маротиба оташфишонӣ кардааст. Қуллаи Фудзияма соле 10 моҳ барфпӯш аст. Дар нишебиҳояш …
Муфассал »