«УСУЛ»-И УҚЛИДУС (Евклид), муҳимтарин асари математикии Евклид, ки дар асри 3 то мелод таълиф шуда, асосҳои математикаи атиқа — геометрияи басит, назарияи ададҳо, алгебра, назарияи умумии нисбатҳо ва усули муайян намудани масоҳату ҳаҷмро дарбар мегирад. Аз 13 китоб иборат аст. Евклид дар асари мазкур тараққиёти сесадсолаи математикаи Юнонро ҷамъбаст намудааст, …
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
УСУЛИ САВТИЯ
УСУЛИ САВТИЯ яке аз роҳҳои саводомӯзии қадимист. Усули савтия дар марҳалаи охирини худ усули таҳлили овозӣ ном гирифта буд. Хусусиятҳои ин усули саводомӯзӣ инҳоанд: а) ба шогирдон якчанд овозҳои нутқро меомӯзонданд, вале шакли ҳарфии онҳоро нишон намедоданд; б) аввал овоз, баъд шакли ҳарфии онро ёд медоданд; в) номи ҳарфҳо мувофиқи …
Муфассал »«УСУЛ»
ota «УСУЛ» (арабӣ ҷамъи реша, бех), 1) шакл ва таркиби аслии зарбиест дар мусиқии халқҳои Шарқ, ки бо навохтани созҳои зарбӣ (дойра, нақора, таблак ва ғайра) ба амал меоянд. «Усул» дар мусиқии классикии тоҷик дар 24 вазн (баҳр)-и маъмули силсилаи «Дувоздаҳмақом» ва 13 зарб (вазн)-и берун аз он ҳангоми иҷрои …
Муфассал »Шаҳри УСТ-КАМЕНОГОРСК
УСТ-КАМЕНОГОРСК, шаҳр (аз 1868), маркази вилояти Қазоқистони Шарқӣ. Дар соҳили рости дарёи Иртиш ва доманакӯҳи Олтои Маъдандор воқеъ аст. Стансияи роҳи оҳан, бандари дарёӣ. Аҳолиаш 302 ҳазор нафар (1984). Дар Уст-Каменогорск корхонаҳои саноати металлургияи ранга, мошинсозию коркарди металл, масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ мавҷуданд. ГЭС-и Усть-Каменогорск сохта шудааст. Филиали Академияи Фанҳои …
Муфассал »УСТУХУДУС
УСТУХУДУС, астухудус, гули нарма, арвона, лаванда (Lavandula spicа), буттаи ҳамешасабзест аз оилаи лабгулҳо. Аз 20 то 100 ом қад мекашад, сершох, гулаш бунафш ё бунафшаи кабудтоб. Устухудуси худрӯй дар кишварҳои баҳри Миёназамин мерӯяд ва онро аввалин маротиба дар ҳамон ноҳияҳо (то мелод) чун растании доруию хушбӯй парвариш кардаанд. Абуҳанифи Диноварӣ, …
Муфассал »УСТУХОНРАБО
УСТУХОНРАБО, устухонрубо, 1) номи дигари саг; 2) мурғи офсонавии Ҳумо, ки гӯё устухон мехӯрдааст.
Муфассал »УСТУХОН
УСТУХОН, як навъ бофтаи пайвастии ҳайвоноти мӯҳрадор ва одам аз ҳуҷайраҳою моддаи байниҳуҷайравии сахта иборат аст, ки дорои намакҳои калсий ва сафеда (бештар коллаген) буда, устухонро мустаҳкаму чандир мекунанд. Якҷоя бо банду буғумҳо, бандакҳо ва мушакҳое, ки тавассути пай ба Устухон васл мешаванд, «дастгоҳ»-и такяю таҳрикро ба вуҷуд меорад. Қобилияти …
Муфассал »УСТУХОНДОН
УСТУХОНДОН, ниг. Устадон.
Муфассал »УСТУРЛОБӢ – Абулқосим Ҳусайн ибни Аҳмади Бағдодӣ
УСТУРЛОБӢ Абулқосим Ҳусайн ибни Аҳмади Бағдодӣ (соли таваллуд номаълум—вафот 1156), машҳур ба Бадеи Устурлобӣ. Мунаҷҷим ва риёзидони асри 12. Асрори падидаҳои фалакӣ ва хусусиятҳои асбобу афзори мушоҳидавиро хуб медонист. Бо асбобҳои ихтироъкардааш ҷараёни нур ва миқдори онро андозагирӣ кардааст. Таҷрибаҳои гузаронидааш ба қонунҳои Уқлидус (Евклид) татбиқ шудаанд. Кураи «зот-ул-»курсӣ»-ро такмил …
Муфассал »УСТУРЛОБ
УСТУРЛОБ (муарраби астролябия), олатест, ки ба воситаи он дар расадхонаҳо гардиши ситораҳоро мушоҳида мекунанд ва меомӯзанд.
Муфассал »