ФАРД, индивид, иддивидиум (лотинӣ individium — тақсимнашаванда), воҳиди хурдтарини тақсимнашавандаи намуди биологиро гӯянд, ки ба он омилҳои таҳаввулот таъсир мекунанд. Мафҳуми «фард» фақат барои организмҳои ғаириколониявӣ хос буда, барои организмҳои колониявӣ, симбиозӣ ва ба таври вегетативӣ афзоишкунанда нисбист.
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
ФАРВАРДИН
ФАРВАРДИН моҳи якуми солшумории шамсист, ки ба 21 март—20 апрел рост меояд; моҳи аввали баҳор.
Муфассал »ФАРАС
ФАРАС (арабӣ — асп), бурҷи экваториалист; қадри ситоравии зоҳирии муниртарин ситораҳояш 2,4; 2,5; 2,8; 3,0 аст. Шароити мусоиди мушоҳида моҳҳои август— сентябр аз тамоми СССР намоён аст. Нигаред низ Осмон.
Муфассал »ФАРБОНЮН
ФАРБОНЮН, гулест дарунзарду берунсафед, ки чашми гӯсола низ гӯянд.
Муфассал »ФАРАСМОН
ФАРАСМОН (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоҳи хоразмиён дар асри 4 то мелод, иттифоқчии Искандари Мақдунӣ дар Осиёи Миёна.
Муфассал »ФАРАНҶӢ
ФАРАНҶӢ, либоси рӯи махсуси занонро гӯянд, ки ҳангоми аз хона баромадан занҳо онро бо чашмбанд ба сар мегирифтанд. Моҳияти динӣ дошт. Занҳо бо он аз номаҳрамон рӯи худро мепӯшиданд. Аз матоъҳои гуногун (бахмал, кимхоб, банорас, алоча, шоҳӣ ва ғайра) духта мешуд. Фаранҷӣ аз сар то пошнаи пон занону духтаронро мепӯшад. …
Муфассал »ФАРАНҶМУШК
ФАРАНҶМУШК, фаранҷимушк, нигаред Ҷамилак.
Муфассал »ФАРАНДАЛИҲО
ФАРАНДАЛИҲО (Lythraseae), як оилаи гиёҳҳои яксолаву бисёрсола, нимбуттаву бутта ва дарахтонро гуянд. Барги бедандона, шукуфаи гулоби, сурх, бунафш, баъзан сафед ё зард, ғӯзаи кушодашавандаи сертухм доранд. Фарандалиҳо 25 ҷинс (беш аз 500 намуд)-и растаниҳоро дар бар мегиранд. Алалхусус дар ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикӣ фаровонанд. Дар СССР 7 ҷинс (26 намуд)-и …
Муфассал »ФАРАНДАЛ
ФАРАНДАЛ (Lythrum), як ҷинси гиёҳҳои як ё бисёрсолаест аз оилаи фарандалищо. Пояаш рост, Ю—36 см қад мекашад, гулаш бунафш, гулобӣ ё сурхтоб, ғӯзааш дупаллаи сертухм. Дар СССР 13 (аз ҷумла дар Тоҷикистон 6) намуди фарандал ҳамчун алафи бегона дар заминҳои обӣ, шолизор, қадқади ҷӯйҳо ва ғайра. мерӯяд. Фарандал моддаҳои даббоғӣ …
Муфассал »ФАРАНГИС
ФАРАНГИС яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, духтари Афросиёб, завҷаи Сиёвуш. У мувофиқи ривояти Фирдавсӣ, зани фидокору ҷасур аст. Ҳангоми азми куштани Сиёвуш кардани падараш барои раҳонидани шавҳараш аз марг кӯшиши зиёд намуд. Вале Афросиёб Сиёвушро ба қатл расонид ва амр дод Фарангисро то афтодани тифли дар шикамаш буда бизананд. Пирони …
Муфассал »