САКИ, шаҳрест дар вилояти Қрими РССУ, дар соҳили кули Саки (4 км дуртар аз баҳри Сиёҳ). Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 31 ҳазор нафар (1975). 3аводи химия ва корҳонаҳои саноати хӯрокворӣ до¬рад. Сакӣ шаҳри курортист. Тобистонаш гарм боришоти солона 380 мм. Воситаҳои табобат лойқа ва намакоби кӯли Саки. 7 км дуртар …
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
САККО НИКОЛА
САККО НИКОЛА, коргари револютсионер. Ниг. Мурофиаи Сиккою Вансетти.
Муфассал »Кӯли САК
САК, Саки, кӯли шӯри бастаест дар вилояти Қрими РССУ. 20 км дуртар аз шаҳри Евпатория, дар ҷануби кӯли Сассиқ, 2,1 м поёнтар аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Масоҳаташ 8,1 км2, тӯлаш 5,5 км, ҷои сербараш 3 км; чуқуриаш ба ҳисоби миёна 0,8 м. Таги кӯл қабати ғафси лойқаи минералӣ дорад. …
Муфассал »САЙҲУН
САЙҲУН яке аз номҳои дарёи Сир, ки дар осори муаррихони арабзабон зикр шудааст.
Муфассал »САЙҚАЛДИҲӢ
САЙҚАЛДИҲӢ (аз арабӣ — ҷило додан), пардоз додани масолеҳ бo мақсади ҷилодор кардани oн ва то андозаҳои матлуб расонидани маснуот. Масмуоти металлиро – дар дастгоҳҳои сайқалдиҳӣ бo ёрии гирдаҳои нарми матоъпӯш, ки бo суръати калон чарх мезананд ва ё бo наворҳои тезҳаракате, ки ба сатҳашон хамараҳои сайқалдиҳанда мо¬лида шудааст, сайқал …
Муфассал »САЙЯН Луи
САЙЯН (Saillant) Луи (27.11. 1910, Баланс, департаменти Дром — 28. 10. 1974, Париж), ходими ҳаракати иттифоқҳои касабаи Франсия ва байналхалқӣ. Аз оилаи коргар. Ихтисосаш мебелсоз. Сайян 1937 котиби Федератсияи миллии коргарони чӯбкор, 1938 аъзои Комиссияи маъмурии Конфедератсияи умумии меҳнат (КУМ)-и Франсия интихоб шуд. Сайян дар давраи аз тарафи фашистони немис …
Муфассал »САЙЪУН
САЙЪУН (арабӣ), воҳиди вазнест дар тибби қадим, ки ба 2,5 мисқол (10, 625 г) баробар аст.
Муфассал »САЙФӢ-Амир Ёдгорбек
САЙФӢ-Амир Ёдгорбек (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1465/1466), шоири форс-тоҷик. Аз авлоди амирзодагони темурӣ. Ба қавли тазкиранависон аз хидмати дарбор худро канора гирифта бо донишмандон муошират мекард. Шахси хоксор ва фурӯтан буд. Аз Сайфӣ якчанд ғазал ва байтҳои пароканда тавассути тазкираҳо ва баёзҳо боқӣ мондаанд, ки шоҳиди маҳорати баланди ӯ …
Муфассал »САЙФУЛЛОЕВ Атахон
САЙФУЛЛОЕВ Атахон ( таваллудаш 1. 5. 1933, Хуҷанд, ҳозира шаҳри Ленинобод), муннақид ва адабиёшиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология (1979), Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти РСС Тоҷикистон (1983). Аз оилаи хпзматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1962. Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кардааст (1954). Ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти АФ РОС …
Муфассал »САЙФУЛЛИН Сакен
САЙФУЛЛИН Сакен (Саъди Ваққос; 12. 6. 1894—1939), нависандаи советии қазоқ, арбоби давлатӣ. Аъзои КПСС аз соли 1918. Раиси Совети Комиссарони Халқии РССА Қазоқистон (1922—1925), аъзои КИМ-и Умумироссия (ВЦИК). Солҳои 1913—1916 дар семинарияи м у а л л и м и и Омск таҳсил намудааст. Асарҳояш аз соли 1910 нашр шудаанд. …
Муфассал »