ХИЁНАТ БА ВАТАН, мувофиқи қуқуқи совотӣ кирдори махсусан хавфноки давлатиро гуянд. Қасдан ба истиқлолияти давлат, дахлнопазирии территория ё иқтидори қарбии СССР зарар расондаи Xиёнат ба Ватан дониста мешавад. Ба тарафи душман гузаштан, ҷосусӣ кардан, ошкор намудани сирри давлатӣ ё ҳарбӣ, ёрӣ расондан ба давлати хориҷӣ барои фаъолияти душманон ба муқооили …
Муфассал »Архивы за день : 18.04.2019
ХЕШУТАБОРӢ
ХЕШУТАБОРӢ дар ҳуқуқ, алоқамандии хунии одамонеро гӯянд, ки мувофиқи қонун ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муайнеро моликанд.
Муфассал »ХЕТҲО
ХЕТҲО, халқест, ки дар қисми марказии Осиёи Хурд зиндагӣ карда шоҳии Хеттро ташкил кардааст.
Муфассал »ХЕТАГУРОВ Коста (Констаптин) Леванович
ХЕТАГУРОВ Коста (Констаптин) Леванович (15. 10. 1859—1. 4. 1906). шоири осетин, ходими ҷамъиятӣ, революсионери демократ. Асосгузори адабиётн осстинӣ. Нахустин рассоми осетин. Аз оилаи деҳқон. Ба сабаби нодорӣ Академияи рассомии Петербургро хатм карда натавонист. Ба забонҳои осстинӣ ва русӣ эҷод мекард. Шеъру достонҳои русиаш дар маҷмуаҳои «Шеърҳо» (1895), осетиниаш дар маҷмуаи …
Муфассал »Вилояти ХЕРСОН
ХЕРСОН, вилоятест дар РССУкраина 30 марти 1944 таъсис ёфтааст. Масоҳат 28,5 ҳазор мм2. Аҳолиаш 1205 ҳазор нафар (1984), аҳодии шаҳрӣ 60%. 18 райони маъмури, 8 шаҳр ва 30 пгш дорад; маркаааш шаҳри Херсон. Дар ҳудуди пастиҳои Наздибаҳрисиёҳ ҷойгир шудааст. Дарёи асосиаш Днепр. Дар ҳудуди Xерсон обанбори Каховка воқеъ аст. Харорати …
Муфассал »ХЕМОСИНТЕЗ
ХЕМОСИНТЕЗ (аз хемо… ва синтез), хемолитоавтотрофия, ҷараёнест, ки ҳангоми он баъзе бактерияҳо аз ҳисоби энергияи оксидшавии пайвастҳои ноорганики (аммиак, гидроген, пайвастҳои сулфур ва ғайра) аз дуоксиди карбон моддаҳои органикӣ ҳосил мекунанд. Бактерияҳои хемосинтезкунанда, растаниҳо ва микробҳои фотосилтезкунанда гурӯҳи организмҳои автотрофианд (организмҳое, ки аз моддаҳои ноорганикӣ — об, гази карбонат, пайвастҳои …
Муфассал »Шаҳри ХЕРСОН
ХЕРСОН, шаҳр, маркази вилояти Херсони РССУкраина, бандари баҳрӣ дар резишгоҳн дарёи Днепр. Узели роҳи оҳан Аҳолиаш 340 ҳазор нафар (1984). Соҳаҳои асосии саноаташ: мошинсозӣ (аз он ҷумла киштисозӣ), коркарди нефт, саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи бинокорӣ. 3 мактаби олӣ, 2 театр ва ғайра дорад. Соли 1778 бунёд ёфтааст; аз 1783— шаҳр, …
Муфассал »ХЕМО…
ХЕМО…, ҷузъи калимаҳои мураккабест, ки ба химия ё ҷараёни химиявӣ тааллуқ доштани истилоҳро ифода менамояд.
Муфассал »ХЕМОРЕСЕПТОРҲО
ХЕМОРЕСЕПТОРҲО (аз хемо… ва ресепторҳо), ҳуҷайраҳои ҳассоси махсус ё қисми ҳуҷайра (масалан, нӯги асаб)-ро гӯянд, ки тавассути онҳо организми ҳайвоноту одам аз ангезандаҳои химиявӣ, аз ҷумла тағйироти мубодилаи моддаҳо бохабар мешавад.
Муфассал »ХЕЛСИНКИ
ХЕЛСИНКИ (финӣ Неlsinki), Гелсингфорс (шведӣ Неlsingfors), пойтахти Финляндия. Дар соҳили халиҷи Фин воқеъ гаштааст. Калонтарин бандари мамлакат, узели роҳҳои нақлиёт. Аҳолиаш 485 ҳазор нафар (4985). Маркази асосии саноати мамлакат. Мошинсозӣ (киштисозӣ, электротехника, электроника, асбобсозӣ), саноати бофандагӣ, химия, дӯзандагӣ, чарму пойафзол, хӯрокворӣ (қаннодӣ, спирту арақ, ордкашӣ, тамоку) ва чинию фаянс ривоҷ …
Муфассал »