ХИМИКОНИИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ, истифодаи моддаҳои химиявӣ дар ҷараённ истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ; яке аз унсурҳои асосии интенсивонии хоҷагии қишлоқ ки ба афзоиши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ нигаронида шудааст. Xимиконии хоҷагии қишлоқ як ҷузъи химиконии хоҷагии халқ мебошад, ки он ба саноати химия асос ёфтааст. Xимиконии хоҷагии қишлоқ масъалаҳои истифодаи нуриҳои минералӣ, воситаҳои …
Муфассал »Архивы за день : 18.04.2019
ХИМИКОНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ
ХИМИКОНИИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ, яке аз соҳаҳои асосии пешрафти илмию техникиро гуянд, ки татбиқи усулҳои технологӣ, истифодаи ашёи хом, маҳсулоту маснуоти химиявиро дар бар мегирад. Xимикони хоҷагии халқ ба самарабахшии ҷараёни технологӣ, ҷорӣ намудани технологияи муттасил, механиконӣ ва автоматонии истеҳсолот мусоидат мекунад. Татбиқи комёбиҳои химия дар соҳан технология самарабхшии меҳнат ва …
Муфассал »ХИЛОФАТИ АРАБ
ХИЛОФАТИ АРАБ, системаи теократни (нигаред Теократия) мусулмонӣ, инчунин номи дар адабиёти илмӣ маъмули давлати мусулмонии арабро гӯянд, ки сардораш халифа буд. Дар асри 7 ба вуҷуд омада, асри 8 баъди аз тарафи арабҳо истило шудани кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ва Африкаи шимолӣ масоҳати он боз ҳам васеътар гардид. Асоси Xилофати …
Муфассал »ХИЗР – Хоҷаи Хизр
ХИЗР Хоҷаи Хизр, яке аз образҳои бадеии адабиёти даҳонакӣ ва хаттии тоҷик аст. Манбааш ривоятҳои динии мусулмонӣ. Дар тафсирҳои Қуръон ӯ ҳамсафари Мӯсои пайғамбар буда, бо муъҷизаҳояш ӯро ба ҳайрат меовард. Дар дигар ривоятҳо гӯё ҳамроҳи Искандари Мақдунӣ дар ҷустуҷӯи оби зиндагӣ (оби ҳаёт) ба Зулмот рафт. Образҳои бадеии оби …
Муфассал »ХИЗОНАИ ШАҲРИСТОН
ХИЗОНАИ ШАҲРИСТОН, маҷмӯи осори санъати заргарӣ ва сиккаҳост, ки дар деҳаи Шаҳристони Поёни райони Ӯротеппа, вилояти Ленинобод (соли 1957) ёфтаанд. Xизонаи Шаҳристон аз се ангуштарии тилло, се гӯшвораи тилло, ду овезаи сиккамонанди зарробишуда ва ду шикастапораи он, ду овезаи зангӯламонанди биринҷӣ, ду сиккаи тилло ва ҳафт шикастапораи он, ду порчаи …
Муфассал »«ХИЗОНАИ ОМИРА»
«ХИЗОНАИ ОМИРА» тазкираест, ки Мир Ғуломалии Озоди Балгиромӣ соли 1757 таълиф кардааст. Шарҳи ҳоли шоирони форстоҷик (аз давраи Рӯдакӣ то замони зиндагии муаллиф)-ро дар бар мегирад, Тартиби тазкира алифбоист. Муаллиф зимни баёни тарҷумаи ҳоли шоирон аз «Лубоо-ул-албоб», «Тазкират-уш-шуаро »-и Давлатшоҳ, «Тӯҳфаи Сомӣ», «Ҳафт иқлим», «Мунтахаб-ут-таворих»-и Бадоунӣ, «Маҷмаъ-ул-фузало»-и Бақоӣ, «Тазкираи Насрободӣ», …
Муфассал »ХИЗОНАИ АМУДАРЁ
ХИЗОНАИ АМУДАРЁ, хизонаест иборат аз 1300 сикка ва 176 ашёи тиллою нуқра. Соли 1877 аз тарафи аҳолии маҳаллӣ дар ҷои резишгоҳи дарёи Кофарниҳон ба Аму, наздикии димнаи Тахти Сангин ёфт шудааст. Кашшофони Xизонаи Амударё тамоми ашёи хазинаро ба тоҷирони бухороӣ Возиуддин, Ғуломмуҳаммад ва Шукуралӣ фурӯхтанд. Ҳангоми ба Хиндустон бурдани хазина …
Муфассал »ХИЗМАТЧИЁН
ХИЗМАТЧИЁН, коргарони соҳаи ғайриистеҳсолӣ ва меҳнати фикриро гӯянд. Онҳо аз гурӯқи калони коркунони касбӣ (кадрҳои маъмурию идоравӣ, коргарони инженерию техникӣ ва дигар гурӯҳҳои мутахассисони дипломдор, аз қабили муаллимони мактабҳои олию миёна, духтурон ва ғайра), коргарони идора ва соҳаӣ савдо иборатанд. Ҳоло дар мамлакатҳои капиталистӣ қисми роҳбарикунандаи хизматчиён ба буржуазия ва …
Муфассал »ХИЗОНА
ХИЗОНА, маҷмаъи чизҳое, ки пинҳон карда дар замин гӯронида шудданд ва барои соҳибашон арзиши гарон доранд. Хизонаҳо қариб дар ҳама ҷоҳо пайдо шудаанд ва одатан барои илми таърих сарчашмаи муҳиманд. Қадимтарин хизонаҳо бадавраҳои неолит ва энеолит мансубанд. Дар ҳудуди Тоҷикистои хизонаи Амударё, хизонаи Шаҳристон, хизонаи осори биринҷии асри 11—12 аз …
Муфассал »ХИЁРАК
ХИЁРАК, бубон (аз юнонӣ bubon — омоси қадкашак), аз илтиҳоб варам кардани гиреҳҳои лимфавиро гӯянд. Ҳангоми бемориҳои таносулӣ ва сироятӣ (масалан, тоун, сил, сифилис ва ғайра) пайдо мешавад.
Муфассал »