Маълумоти охирин
Главная / 2019 / April / 13 (страница 7)

Архивы за день : 13.04.2019

ФОТОСФЕРА

1302962911_fotosfera

ФОТОСФЕРА, қабати поёнии атмосфераи ситораҳоро гӯянд. Ғафсии фотосфераи Офтоб тақрибан ба 0,001 R (200— 300 км), зичиаш ба 10-6—10-3 кг/м3 баробар асту ҳарораташ ба сӯи боло аз 8 то 4,5 ҳазор К паст мешавад. Аз фотосфера қариб ҳамаи афканишоти электромагнитии Офтоб бармеояд. Барои фаъолияти офтобь дар фотосфера доғҳо ва машъалҳои …

Муфассал »

ФОТОСИНТЕЗ

fotosintez

ФОТОСИНТЕЗ (аз фото… ва синтез), муҳимтарин ҷараёни фотобиологиест (нигаред Фотобиология), ки дар натиҷаи он растаниҳои сабз микроорганизмҳои фотосинтезкунанда ва пайвастҳои ғайриорганикӣ (газикарбонат ва об) бо таъсири рӯшноӣ пайвастҳои мураккаби органикии барои ҳаёти мавҷудоти зинда зарурро ба вуҷуд меоранд. Ҳангоми фотосинтез растаниҳо ба атмосфера оксиген ҷудо карда, энергияи офтобро дар шакли …

Муфассал »

ФОТОРЕЗИСТОР

ldr-1

ФОТОРЕЗИСТОР (аз фото… ва англисӣ геsistor — муқовимат), асбоби нимноқилест, ки аз таъсири рӯшноӣ ноқилияти электрии худро тағйир медиҳад. Дараҷаи ин тағйирот ба зичии сели рӯшноӣ ва басомади лаппиши он вобаста аст. Дар асбобҳои таҷдиди садо ва ғайра истифода мешавад.

Муфассал »

ФОТОНОҚИЛИЯТ

ФОТОНОҚИЛИЯТ, дар натиҷаи таъсири рӯшноӣ афзудани электргузаронии нимноқилро гӯянд. Афзоиши консентрасияи ҳомилони ҷараён — электронҳо дар зонаи гузаронанда ва сӯрохҳо дар зонаи валентӣ сабаби фотоноқилият мебошад. Тарзи кори фоторезисторҳо ба ҳодисаи фотоноқилият асос ёфтзаст.

Муфассал »

ФОТОГРАФИЯ

fotografiya

ФОТОГРАФИЯ (аз фото… ва графия), суратгирӣ, назаряя ва усулҳои дар масолеҳи рӯшноиҳассоси фотографи ҳосил кардани тасвири объектҳои ба назар намоёнро гӯянд. Фотограмметрияи оддӣ (сиёҳу сафед) ранга, бадеӣ, илмию техникӣ (аэрофотосуратгирӣ, микрофотосуратгирӣ, суратгирии рентгенӣ, инфрасурх ва ғайра) мавҷуд аст. Фотограмметрияро солҳои 1839 ва 1841 ихтирокорони франсавӣ Л. Ж. М. Дагер, Ж. …

Муфассал »

ФОТОН

ФОТОН (кванти майдони электромагнитӣ), зарраи элемеятарии нейтралиест, ки массааш ба сифр ва спинаш ба 1 баробар мебошад. Фотон воситаи мубодилаи таъсири мутақобили байни зарраҳои электрнок аст. Он энергия = h ва импулси р = h /с дорад; ин ҷо h — собитаи Планк, с — суръати нур дар вакуум, — …

Муфассал »

ФОТОГРАММЕТРИЯ

123

ФОТОГРАММЕТРИЯ (аз фото…, юнонӣ gramma — сабт кардан, тасвир ва …метрия), муайян намудани шакл, андоза ва мавқеи объектҳо аз рӯи тасвири фотографии онҳо. Усулҳои фотограмметрия дар геодезия, картография, кори ҳарбӣ, тадқиқоти кайҳо истифода мешаванд.

Муфассал »

ФОТОБИОЛОГИЯ

biology-2

ФОТОБИОЛОГИЯ (аз фото… ва биология), як фасли биологияро гӯянд, ки таъсири рӯшноиро ба организм ва аҳамияти онро дар ҳаёти наботот, ҳайвонот ва одам тадқиқ мекунад. Ба нумӯ, инкишоф ва функсияҳои гуногуни организмҳо таъсир памудани рӯшноӣ аз қадим маълум аст. Дар асрҳои 18-19 кашф шудани фотосинтез, дарёфти асосҳои назариявии рангбинӣ, таснифн …

Муфассал »

ФОТОАППАРАТ

fotoaparat

ФОТОАППАРАТ (аппарати фотографӣ, дастгоҳи аксбардорӣ), асбоби оптикию механикиест барои дар фотонавор ё фотолавҳа сабт кардани тасвири ягон чиз. Фотоаппаратҳои замонавӣ асосан аз қисмҳои зерин иборатанд (нигаред расм): камераи рӯшноиногузар (ҳамчун корпуси асос ва ҷои кассетаҳои фотонавор таъин шудааст); объектив (барои офаридани тасвири оптикии объект); затвор (барои таъмин кардани мӯҳлати экспононӣ …

Муфассал »

ФОТИҲА

koran-fotiha-kuron

ФОТИҲА (арабӣ — кушоиш, оғози чизе), 1) оғози китоб, сураи нахустини Қуръонро гӯянд. 2) ибтидои коре, дуои хаир, рухсат ва иҷозат. Баробари муқаррар шудани аҳкоми дин ва интишори идеологияи ислом фотиҳахонӣ ба ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт ва маишати халқҳову кишварҳои мухталиф, урфу одат ва маросимҳои онҳо ворид гашт. Пеш аз ҳама, …

Муфассал »