УЛФАТ Абдулқаюми Бухороӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Дар Бухоро таваллуд ёфта, ба камол расидааст. Бо Малеҳои. Сомарқандӣ дӯсту мусоҳиб будааст. Пайрави сабки ҳиндӣ. Ба ғазалҳои Нозими Ҳиротӣ ҷавоб гуфтааст. Аз осораш абёти пароканда боқист. Ин байти ӯст: Ҷудо аз мо ватану мо аз ӯ ҷудо, …
Муфассал »Архив Месяца: March 2019
УЛУҒЗОДА Сотим
УЛУҒЗОДА Сотим (таваллуд 1. 9. 1911, деҳаи Варзики раёни Чусти вилояти Намангови РСС Узбакистон), нависандаи советии тоҷик, аъзокоррспонденти Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон. (1951). Аз оилаи деҳқони камбағал. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар интернати Чуст гирифта, соли 1929 Дорулмуаллимини тоҷикии Тошкандро хатм кард. Чанде он ҷо аз адабиёт дарс гуфт. Соли …
Муфассал »УЛУҒЗОДА Клавдия Александровна
УЛУҒЗОДА (Благовещенская) Клавдия Александровна (17. 11.1909, шаҳри Ашқобод—12. 2. 1965, Душанбе), фолклоршинос ва тарҷумони советӣ. Аз оилаи роҳиоҳанчӣ. Факултети шарқшиносии Университети Осиёи Миёнаи шаҳри Тошкентро хатм карда, ба Душанбе омад (1930). Кормандн муассисаҳои илмӣ, котиби масъули журнали «Бо роҳи ленинӣ». Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Управленияи корҳои Совети Комиссарони Халқи …
Муфассал »УЛУФА
УЛУФА, 1) ях навъ хӯроки чорворо гӯянд, ки аз дону пояи гиёҳҳон хӯшздор, лӯбиёиҳо, инчунин хасбеда, дахол, коҳреза ва дигар хӯрокиҳои дурушт тайёр кунанд; хӯроки ҳайвонот. (Нигаред низ Хӯроки чорво); 2) таом ва хӯроквориро гӯянд.
Муфассал »УЛУҒБЕК Муҳаммад Тарағай
УЛУҒБЕК Муҳаммад Тарағай (22. 3. 1394, шаҳри Султонияи Эрон —27. ё 29. 10. 1449, Самарқанд), арбоби давлатӣ ва маъ рифатпарвари Осиёи Миёна. Набераи Темур. Соли 1409 ҳокими Самарқанд эълон шуд. Пас аз марги падараш Шоҳрух (1447) ҳокими Мовароуннаҳру Хуросон гардид. Бо ташаббуси Улуғбек мадраса сохта шуд. До нишмандони барҷастаи давр …
Муфассал »УЛУСИ ЧАҒАТОЙ
УЛУСИ ЧАҒАТОЙ, номи умумии мулкҳои меросии Чататой (писари Чингизхон) ва хонадони ӯ. Улуси Чағатой Мовароуннаҳр, Ҳафтрӯд ва Кошғарро дар бар мегирифт. Баъди қурултои соли 1251 Мункэхон ба тахт нишаста аксари намояндагони хонадони Чағатойро ба қатл расонд. Улусро Мункэхон ва Ботухон байни худ тақсим намуданд. Солҳои 60-уми асри 13 ҳокимияти Чағатоиён …
Муфассал »УЛТРАСАДО
УЛТРАСАДО (аз ултра… ва садо), мавҷ ва лапиши чандири басомадаш аз 15·103 то 109-ро гӯянд. Одатан ултрасадоро аз руи басомад ба 3 соҳа тақсим мекунанд: ултрасадои басомадаш паст—15·103 — 105; ултрасадои басомадаш миёна—105—107. ултрасадои басомадаш баланд — 107 — 109 Гс. ултрасадои басомадаш аз 109 то 1013-ро виперсадо меноманд. Лапишҳои …
Муфассал »УЛТИМАТУМ
УЛТИМАТУМ (лотинӣ ultimatum — то охир бурдашуда), дар ҳуқуқи байналхалқи талаботи дар ҳуҷҷатҳои дипломатӣ дарҷёфта ва ё ба таври шифоҳӣ баёншудаи як давлат дар боби мавқеи муайян интихоб намудани давлати дигар доир ба ягон масъала, анҷом додани амалиёти муайян ва ё иҷро кардани шартеро гӯянд. Дар сурати риоя накардани шартҳои …
Муфассал »УЛТРА…
УЛТРА… (аз лотинӣ ultra — фавқ, аз ҳудуд берун, он сӯ), қисми калимаҳои мураккабро гӯянд, ки маънояш аз ҳудуд берун (аз ҷиҳати миқдор ё сифат) ё худ ҳаддист. Масалан, ултрасадо, ултрабунафш, мавҷҳои ултра- кӯтоҳ.
Муфассал »УЛАН-УДЭ
УЛАН-УДЭ (то 1931 — Верхнеудинск), пойтахти Республикаи Автономии Совети Сотсиалистии Бурят., истгоҳи киштиҳо дар ҷои якшавии дарёи Уда ба дарёи Селенга. Узели роҳи оҳан. Аҳолиаш 329 ҳазор нафар (1984). Соҳаҳои асосии саноаташ: мошинсозӣ, коркарди металл, чӯбкорӣ. Инчунин комбинатҳои моҳути маҳин, гӯшту консерва, заводи калони шиша мавҷуданд. 4 донишкадаи олӣ, филиали …
Муфассал »