ТАНБОКУ, нигаред Тамоку.
Муфассал »Архив Месяца: March 2019
ТАНБУЛ
ТАНБУЛ, томул, томбул, тамбулӣ, танболӣ, пон, фулфулмия, бетел (Рipel betle), буттаест аз ҷинси мурч (оилаи мурчиҳо). Танбулзорҳои калон дар Индонезия мавҷуданд. Танбулро бештар дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Африка ва Ҳиндустон мепарваранд. Мардуми ноҳияҳои тропикии Осиё ва Африка барги тару тозаи онро, ки бо номи «пон» маъмул аст, мехоянд (монанди тамоку …
Муфассал »ТАНАХУРАК
ТАНАХУРАК, кирмитана, кирминаи гамбусакҳои қирсосист, ки ба зироатҳои хоҷагии қишлоқ ва бешазор зарар мерасонад. Баданаш борику дароз ва устувонашакл (баъзан паҳн), пӯсташ ғафси рах-рах, рангаш зард, дорчинӣ, сиёҳтоб (баъзан хокистарӣ); се ҷуфт пои дарозиашон якхела дорад. Дар СССР зиёда аз 50 намуди танахураки зараррасон вомехӯрад. Онҳо одатан дар хок зиндагонӣ …
Муфассал »Ангури ТАНАСАФЕДАК
ТАНАСАФЕДАК як навъ ангури маҳаллиест. Баргаш 5-парраи майда, гулаш дуҷинса, хӯшааш ҳаҷман ҳархела (андаряк аз 139 то 186 г), донааш миёна, сабзи зардтоб, пӯсташ нафис, серобу ширин (қандаш 17,6%), 2—3 дона тухм (хокистарии гулобӣ) дорад. 42%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ, токаш камҳосил (аз ҳар га 30—70 с). Барои тархӯрӣ истифуда мебаранд. Асосан …
Муфассал »ТАНАНД
ТАНАНД, тананду, гапада, анкабӯт, Тортанак.
Муфассал »ТАНАНАЕВ Иван Владимирович
ТАНАНАЕВ Иван Владимирович (таваллуд 4. 6. 1904, деҳаи Серповои ҳозира раёни Моршанск, вилояти Тамбов), химики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (4958; аъзо-коррспонденти 1946). Аъзои КПСС аз соли 1942. Тананаев аъзои сексияи химияи ғайриорганикии Иттифоқи Байналхалқии химияи назариявӣ ва адеалӣ (IUАС; аз 1959), сармуҳаррири журнали «Неорганические материалы» (аз 1965) мебошад. Тадқиқоти Тананаев …
Муфассал »ТАНАКОР
ТАНАКОР 1) дар металлургия масолеҳи минералнест, ки ба таркиби шихта барои ҳосил кардани дажғол ва танзими таркиби он дохил карда мешавад. Аз рӯи таркиби химиявӣ танакори металлургӣ асосӣ (оҳаксанг, доломит, оҳак, карах ши пирит ва ғайра), кислотагӣ (кварс, рег, чахмоқсанг ва ғайра) ва нейтралӣ (гил, бокситҳо, резаҳои хишти шамот ва …
Муфассал »ТАНАКОР
ТАНАКОР, тетраборати натрий, NаВ4О7.10Н2O), намаки кислотаи тетраборатро номанд. Асосан дар шакли минерали сафед — тинкал (баъзан хокистарранг ва зард) мавҷуд аст. Зичиаш 1690—17210 кг/м3. Дар об ҳалшаванда (дар 10°С, дар 100 г об 1,6 г танакор ҳал мешавад). Маҳлули обии танакор хосияти ишқорӣ дошта, аз ҳаво СО2-ро фурӯ мебарад. Аз …
Муфассал »ТАНАЗЗӮЛ
ТАНАЗЗӮЛ, регресс, дар табиати зинда, як ҷиҳати ҷудонашавандаи таҳаввул ва самти махсуси онро гӯянд. Вобаста ба дараҷаи ташаккули мавҷудоти зиндае, ки дар таназзӯл аст, ин ҷараён барои таҳаввул аҳамияти гуногун дорад. Кам шудани шумораи фардҳоро дар доираи намуд ё ягон гурӯҳи дигар, камшавии ареали онҳо, зергурӯҳҳо ва ғайраро А. Н. …
Муфассал »ТАНАЗЗУЛ
ТАНАЗЗУЛ (арабӣ — поиномадан, паст рафтан), регрес, як навъ инкишофро гӯянд, ки маънои аз олӣ ба паст гузаштанро дорад; моҳиятан ба ҷамъияти антагонистӣ хос буда, футур рафтани соҳаҳои гуногуни ҳаётро ифода мекунад. Таназзул дар формасияҳои антагонисти ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёт, аз қабили сиёсат, маданият, маориф ва ғайраро фаро мегирад. Дар формасияҳои …
Муфассал »