Маълумоти охирин
Главная / 2019 / March / 07 (страница 4)

Архивы за день : 07.03.2019

ТАРС

tars

ТАРС, як навъ эҳсоси одамист, ки дар асари хатари ҳақиқӣ ё тасаввурӣ пайдо мешавад; бори аввал мутафаккири даниягӣ Кйеркегор ба қатори мафҳумҳои фалсафӣ дохил кард. Як қатор файласуфони давраи Атиқа (Демокрит, Лукреций) ва Аҳди Ҷадид (Д. Юм, П. Голъбах, Л. Фейербах ва дигарон) маҳз тарсро сабаби ба вуҷуд омадани дин …

Муфассал »

ТАРРОҲӢ

tarh

ТАРРОҲӢ, санъати тарҳкашӣ, тарҳсозӣ, лоиҳакашӣ, кашидани тарҳи бино, заминаи нақш ва амали кандакориро дар маснуот гӯянд. То замони мо якчанд тарҳу нақшҳои ҳандасии ёдгориҳои меъмории асрҳои 16—19 боқӣ мондаанд. Тарҳи нақши ҳандасӣ дафтари гиреҳ ном дошт. Омӯзиши ёдгориҳои меъморӣ ва тарҳкашии асрҳои 10—19 нишон доданд, ки меъморон ва мусаввирони тоҷик …

Муфассал »

ТАРРАҚОРЧ

zanburugh

ТАРРАҚОРЧ (Russila), як навъ занбӯруғи хӯрданиро гӯянд. Кулоҳчааш ҷилодор (қутраш 5—10 см), рангаш вобаста ба пигменти пӯсташ зард, хокистаррант, кабуд, сабзтоб, сурхтоб мешавад. Пояаш росту мустаҳками сафед (дарозиаш 2—10 см). Тарақорч шираи ширмонанд надорад ва бо ҳамин хусусият аз ҳамҷинсҳои худ фарқ мекунад. Дар Тоҷикистон 2 намуди тарақорч (К. мшкуҷсут, …

Муфассал »

Тарраккаду

kadu

ТАРРАК, 1) тарраккаду, САМбӯсакаду (Сuсurbita реро vаrgiraimontia), як навъ каду гиёҳи полезии яксолаест аз оилаи кадуиҳо. Палакаш суст месабзад, баргаш 5- парра, мӯякҳои дурушти хормонанд дорад. Гулаш ҷудоҷинса, ҳосилаш одатан зуғӯташакл, донааш зардтоб. Тарраккадуро дар замини ҳосилхез ва намиаш мӯътадил мепарваранд. Онро одатан кӯчат мекунанд. Тарраккаду пешпазак аст. Дар муддати …

Муфассал »

ТАРРА – кабудӣ

128

ТАРРА, тара, сабза, нӯшгиёҳ, кабудӣ, бақл, баргу пояи баъзе набототро гӯянд, ки барои нонхӯриш ба кор мебаранд (масалан, наъно, ҷаъфарӣ, райҳон, шибит, испанох, кашниз, карафс, пудина (ҳулба), таратезак, шулха ва ғайра). Ҳар гуна сабзавотест, ки дар тару тозагиаш мехӯранд.

Муфассал »

ТАРОШКОРД

kord

ТАРОШКОРД, олоти сангиест, ки дар давраи палеолит паҳн шуда буд. Тарошкорд асосан хоси маданияти мусте буда, дар давраҳои аввал ва охири палеолит низ вомехӯрад. Тарошкорд санги ростқиррае буда, қирраҳои рост ё барҷастаи он вазифаи теғро адо мекарданд. Тарошкорд барои тарошидан ва буридани пӯсти ҳайвоноту дарахтон истифода бурда мешуд. Баъзеи тарошкордҳо …

Муфассал »