Оолит (аз юнонӣ ооп — тухм ва lithos — санг), ташкилаҳои курашакл ё эллипсмонанди минералҳоеро гӯянд, ки аз оксид ва силикатҳои оҳану манган, калсит, доломит, арагонит, родохрозит, лептохлорит ва ғайра иборатанд. Оолит аз якчанд мкм то 15— 25 миллиметр андоза дорад. Оолити андозааш аз 2—5 миллиметр калонтар пизолит ном дорад. …
Муфассал »Архив Месяца: August 2017
Оогоний
Оогоний (аз юнонӣ ооп — тухм ва gone —таваллуд), узви ҷинсии модина (гаметантия)-и аксари растаниҳои дараҷаи пастро гӯянд. Дар Оогоний як ва баъзан якчанд (масалан, дар обсабзҳои бури сиклоспорагӣ) ҳуҷайратухм ҳосил мешавад.
Муфассал »Онхосеркоз
Онхосеркоз, як шакли бардавоми касалии кичҷагиест (гелминтоз), ки ба он асосан ҳайвоноти сумдор гирифтор мешаванд; кирмҳои паразитие аз ҷинси Onchocerca (лиг. Филярияҳо) ба вуҷуд меоранд. Хеле маъмул аст. Онхосеркоз ба чорводорӣ (махсусан ба гову асп) зарар мерасонад. Сирояти ҳайвонот дар чаро- гоҳ ба воситаи ҳашароти хунмаке (хомӯшак, хармагас) ба амал …
Муфассал »Онтология
Онтология (юнонӣ ontos — вуҷуд ва логия), як фасли фалсафаро гӯянд, ки аслу асоси куллӣ, принсипҳо таркиб ва қонунияти умумии ҳастиро таҳқиқ мекунад. Моҳиятан Онтология як навъ манзараи оламеро ифода мекунад, ки ба маърифати воқеият мувофиқ омада, дар системаи категорияҳои фалсафие, ки ба ину он давр ва инчунин анъанаи фалсафӣ …
Муфассал »Онтогенез
Онтогенез (аз юнонӣ ontos — ҳастӣ ва …генез), инкишофи фардии организм, маҷмӯи табаддулоти пайдарҳамии морфологӣ, физиологӣ ва биохимиявиро гӯянд, ки организм аз лаҳзаи пайдоиш то дами марг аз cap мегузаронад. Мафҳуми Онтогенез якҷоя бо мафҳуми филогенез ду ҷиҳати аз ҳам ҷудона- шавандаи ҷараёни ягонаи инкишофи табиати зиндаро ифода мекунад. Дар …
Муфассал »Онтарио
Онтарио (Ontario), яке аз кӯлҳои системаи Кӯлҳои Бузурги Америкаи Шимолӣ воқеъ дар, Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Канада. Қариб 310 километр дарозӣ ва то 90 километр бар дорад. Масоҳат 19,5 ҳазор километр* Чуқуриаш то 236 метр. Масоҳати ҳавзааш қариб 90 ҳазор километр2. Об аз кӯлҳои дар боло чойгирифта ба воситаи дарёи …
Муфассал »Дарёи Онон
Онон, дарёест дар Республикаи Халқии Монголия ва вилояти Читаи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. Бо дарёи Ингода ҳамроҳ шуда дарёи Шилка (ҳавзаи Амур)-ро ташкил медиҳад. Тӯлаш 1032 километр; масоҳати ҳавзааш 96200 километр2. Аз кӯҳсори Хэнтэй оғоз ёфта, дар масофаи зиёд дашти баланди ҳамворро бурида мегузарад. Ҷазираҳои бисёре дорад. Манбааш асосан …
Муфассал »Ономастика
Ономастика (аз юнонӣ onomastikds — санъати номгузорӣ, onoma — ном), 1) як шӯъбаи илми забоншиносиро гӯянд, ки таърихи пайдоиш ва таҳаввули исмои хосро меомӯзад; 2) маҷмӯи ҳама гуна исмҳои хос (лексикаи ономастикӣ), оним и я, ки вобаста ба объекти номбаршаванда ба антропонимҳо (номи ашхос), этнонимҳо (номи қавмҳо, миллатҳо, халқҳо), топонимҳо …
Муфассал »Онкология
Онкология (аз юнонӣ onkos — ҷоғар, омос ва …логия), як соҳаи тибро гӯянд, ки пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои омосиро меомӯзад. Бемориҳои омосӣ аз қадимулайём маълуманд. Маълумоте, ки дар папирусҳои Эберс (1550 то милод) зикр ёфтаанд, ба ин шаҳодат медиҳанд. Оид ба омосҳо дар асарҳои Буқрот, Ҷолинус, Селс, Ибни Сино, Исмоили …
Муфассал »Шаҳри Онича
Онича (Onitscha), шаҳрест дар Нигерия, дар соҳили чапи дарёи Нигер. Аҳолиаш 220 ҳазор нафар (1975). Узели роҳҳои шоссе. Маркази парвариши нахли равғандеҳ. Саноати бофандагӣ ва хӯрокворӣ (истеҳсоли равғани нахл) дорад.
Муфассал »