Палдорак, деҳаест дар Совети қишлоқ Лангари райони Мастчоҳ, вилояти Ленинобод. Территорияи Иттиҳодияи гӯсфандпарварии район. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 24 км, то район 394 км. Аҳолиаш 160 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — ғаллакорӣ, обчакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёчаи Палдорак обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Архив Месяца: August 2017
Палассо
Палассо (итал. Раlаzzо, аз лот. Раlаtium — қаср; кӯшк, аз номи тали Палатина бармеояд, ки дар он ҷо императорони Рими Қадим қасрҳо месохтаанд), як навъ кӯшки (асри 15) хоси давраи Эҳёи Италия (асосан дар Флоренсия — эҷоди меъморон Ф. Брунеллески, Микелоццо ди Бартоломмео, Л. Б. Алберти, Бенедетто да Майано). Палассои …
Муфассал »Палаун
Палаун (худ т а а н, к а т у р, б р а о, р и а и гӯянд), халқест, ки дар Бирма (асосан қисми ҷанубии дарёи Шуэли) зиндагӣ мекунад. Шумораашон тақрибан 240 ҳазор нафар (1978). Забони Палаун ба шохаи шимолу шарқии забонҳои мону кҳмерӣ тааллуқ дорад. Палаун авлодони …
Муфассал »Палатаи тиҷоратӣ
Палатаи тиҷоратӣ, п а л а т а и с а в д о, ташкилоти ҷамъиятиест, ки ба инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ, хусусан савдои берунаи байни мамлакатҳои гуногун мусоидат мекунад. Палатаи тиҷоратӣ дар ҳар як мамлакат аз рӯи Устав муайян карда мешавад, ки он тартиби ташкилёбии органҳои роҳхбарӣ ва вазифаҳои онҳоро …
Муфассал »Палата китобҳои РСС Тоҷикистон
Палата китобҳои РСС Тоҷикистон, муассисаи библиографии давлатист, ки асарҳои чопшударо ба ҳисоб мегирад ва оид ба нашрҳои библиографӣ маълумот модиҳад; маркази ахборот па пропагандаи илмию техникии соҳаи кори нашриёт, полиграфия, савдои китоб ва библиографияи давлатӣ. Дар СССР 15 Палата китобҳои республикавӣ, 2 Палата китобҳои республикаи автономи (Бошқирдистон ва Тотористон) ҳаст. …
Муфассал »Палатаи доимии суди ҳакамӣ
Палатаи доимии суди ҳакамӣ, органи арбитражи байналхалқист. Дар асоси Конвенсияи ҳалли осоиштаи мухолифатҳои байналхалқӣ, ки онро Конференсияи 1-уми Гаага (29 июли 1899) ва Конференсияи 2-юми сулҳи Гаага (18 октябри 1907) қабул карда буд, таъсис ёфтааст. Қароргоҳаш дар Гаага мебошад. Палатаи расмияти ба суди ҳакамӣ муроҷиат намуданд давлатҳоро осос карда, бо …
Муфассал »Палата
Палата, 1) номи худи органҳои намояндагӣ ё номи қисми таркибии ин ё он органҳои намояндагӣ (масалан, дар СССР дар ҳайати Совети Олии СССР ду Палатаи баробарҳуқуқ — Совети Иттифоқ ва Совети Миллатҳо вуҷуд доранд). 2) Номи баъзе органҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва муассисаҳост (масалан, Палатаи савдою саноат, Палатаи китобҳо). 3) Дар …
Муфассал »Палаягина
Палаягина, 1) пӯст ва порчаест, ки ба шакли накши паланг ранг додаанд; 2) пӯстинест, ки аз пӯсти паланг духтаанд.
Муфассал »Шаҳри Паланга
Паланга, шаҳри курортии соҳилибаҳрӣ дар РСС Лит. Дар соҳили баҳри Балтика, 12 км аз стансияи роҳи оҳан Кретинга, 25 км шимолтари шаҳри Клайпеда воқеъ аст. Воситаҳои муолиҷа терапияи иқлимӣ (климатотерапия), оби минералӣ, лойқаи торф, аэрогелиотерапия. Аз нимаи июн то охири август дар баҳр оббозӣ кардан мумкин аст. Дар Паланга касалиҳои …
Муфассал »Паланг
Паланг, ҳайвони даррандаест аз оилаи гурбашаклҳо. Дарозиаш то 160 см, вазнаш бештар аа 70 кг (Паланги нарина аз Паланги модина вазнинтар аст). Гавдааш бақуавати сермушак буда. пойҳояш нисбатан кӯтоҳ аст. Рангаш зардтоб ё маллаи холдори сермӯй. Палангҳои сиёҳ; низ (дар Ҳиндустон) ҳастанд. Паланг дар Африка (ба ҷуз биёбони Саҳрои Кабир), …
Муфассал »