Маълумоти охирин
Главная / 2017 / August / 03 (страница 6)

Архивы за день : 03.08.2017

Оофорит

0

Оофорит (aз лотинӣ oopboron — тухмҳои), газаки тухмдони занҳо. Нигаред Сальпингоофорит.

Муфассал »

Оомисетҳо

0

Оомисетҳо (Oomycetidae), синфи занбӯруғҳои дараҷаи паст, ки ми­селия (танаи вегетативӣ)-и бисёр- ядродори мукаммал инкишофёфта доранд. Оогонияи курашакли онҳо якто (дар Оомисетҳои нисбатан ташаккулёфта) ё якчандто (дар ООомисетҳои содда) ҳуҷайратухм дорад. Дар паҳлуи оогония антеридийҳои устувонашакл ҳосил мешаванд, ки ба воситаи онҳо ҳуҷайратухми бордоршуда ба ооспораи беҳаракат табдил меёбад. Ооспора баҳорон …

Муфассал »

Оолит

0

Оолит (аз юнонӣ ооп — тухм ва lithos — санг), ташкилаҳои курашакл ё эллипсмонанди минералҳоеро гӯянд, ки аз оксид ва силикатҳои оҳану манган, калсит, доломит, араго­нит, родохрозит, лептохлорит ва ғайра иборатанд. Оолит аз якчанд мкм то 15— 25 миллиметр андоза дорад. Оолити андозааш аз 2—5 миллиметр калонтар пизолит ном дорад. …

Муфассал »

Оогоний

0

Оогоний (аз юнонӣ ооп — тухм ва gone —таваллуд), узви ҷинсии модина (гаметантия)-и аксари растаниҳои дараҷаи пастро гӯянд. Дар Оогоний як ва баъзан якчанд (масалан, дар обсабзҳои бури сиклоспорагӣ) ҳуҷайратухм ҳосил мешавад.

Муфассал »

Онхосеркоз

0

Онхосеркоз, як шакли бардавоми касалии кичҷагиест (гелминтоз), ки ба он асосан ҳайвоноти сумдор гирифтор мешаванд; кирмҳои паразитие аз ҷинси Onchocerca (лиг. Филярияҳо) ба вуҷуд меоранд. Хеле маъмул аст. Онхосеркоз ба чорводорӣ (махсусан ба гову асп) зарар мерасонад. Сирояти ҳайвонот дар чаро- гоҳ ба воситаи ҳашароти хунмаке (хомӯшак, хармагас) ба амал …

Муфассал »

Онтология

Онтология (юнонӣ ontos — вуҷуд ва логия), як фасли фалсафаро гӯянд, ки аслу асоси куллӣ, принсипҳо таркиб ва қонунияти умумии ҳастиро таҳқиқ мекунад. Моҳиятан Онтология як навъ манзараи оламеро ифода мекунад, ки ба маърифати воқеият мувофиқ омада, дар системаи категорияҳои фалсафие, ки ба ину он давр ва инчунин анъанаи фалсафӣ …

Муфассал »

Онтогенез

0

Онтогенез (аз юнонӣ ontos — ҳастӣ ва …генез), инкишофи фардии орга­низм, маҷмӯи табаддулоти пайдарҳамии морфологӣ, физиологӣ ва биохимиявиро гӯянд, ки организм аз лаҳзаи пайдоиш то дами марг аз cap мегузаронад. Мафҳуми Онтогенез якҷоя бо мафҳуми филогенез ду ҷиҳати аз ҳам ҷудона- шавандаи ҷараёни ягонаи инкишофи табиати зиндаро ифода мекунад. Дар …

Муфассал »

Онтарио

03

Онтарио (Ontario), яке аз кӯлҳои системаи Кӯлҳои Бузурги Аме­рикаи Шимолӣ воқеъ дар, Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Канада. Қариб 310 километр дарозӣ ва то 90 километр бар дорад. Масоҳат 19,5 ҳазор километр* Чуқуриаш то 236 метр. Масоҳати ҳавзааш қариб 90 ҳазор километр2. Об аз кӯлҳои дар боло чойгирифта ба воситаи дарёи …

Муфассал »

Дарёи Онон

0

Онон, дарёест дар Республикаи Халқии Монголия ва вилояти Читаи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. Бо дарёи Ингода ҳамроҳ шуда дарёи Шилка (ҳавзаи Амур)-ро ташкил медиҳад. Тӯлаш 1032 километр; масоҳати ҳавзааш 96200 километр2. Аз кӯҳсори Хэнтэй оғоз ёфта, дар масофаи зиёд дашти баланди ҳамворро бурида мегузарад. Ҷазираҳои бисёре до­рад. Манбааш асосан …

Муфассал »

Ономастика

0

Ономастика (аз юнонӣ onomastikds — санъати номгузорӣ, onoma — ном), 1) як шӯъбаи илми забоншиносиро гӯянд, ки таърихи пайдоиш ва таҳаввули исмои хосро меомӯ­зад; 2) маҷмӯи ҳама гуна исмҳои хос (лексикаи ономастикӣ), оним и я, ки вобаста ба объекти номбаршаванда ба антропонимҳо (номи ашхос), этнонимҳо (номи қавмҳо, миллатҳо, халқҳо), топонимҳо …

Муфассал »