Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July (страница 73)

Архив Месяца: July 2017

Деҳаи Нишусп

0

Нишусп, деҳа, маркази Совети қишлоқи Дарморахти райони Шуғнони ВАБК. Территорияи с.-и «Шуғнон». Аз Нишусп то маркази рай­он 25 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 900 нафар (1982), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, клуб, китобхона, пункти тиббӣ, шӯъбаи алоқа дорад. Сокинонаш бо деҳқонӣ (ғаллакорӣ, боғдорӣ, обчакорӣ) машғуланд. Заминҳо аз дарёчаи Нишуспдара обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Тазкираи «Ништари ишқ»

0

«Ништари ишқ» тазкираест, ки Ҳусайнқуллхони Азимободӣ соли 1918/19 дар Ҳиндустон таълиф кардааст. Аз муқаддима ва 28 боб (мувофиқи ҳуруфи алифбои арабӣ) иборат аст, ки муаллиф онҳоро «ништар» номидааст. Дар муқад­дима муаллиф аз нияти тартиб до­дани тазкира, аз сафарҳову мулоқотҳояш бо шоиру нависандагони муосир, ҷамъоварии намунаҳои ашъори шоирон ҳикоят мекунад. Ҳусайнқуллхони …

Муфассал »

Нишоти Исфаҳонӣ

Нишоти Исфаҳонӣ (1761/62, Исфаҳон — 1828/29), шоири эронӣ. Айёми кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоиаш дар зодгоҳаш гузаштааст. Ба забон ва адабиёти форси дилбастагӣ дошт ва дар ин ду фан дониши кофӣ андӯхт. Забонҳои арабӣ ва туркиро ҳам ба хубӣ аз худ намуд; дар илмҳои мантиқ, риёзӣ ва улуми динӣ аз саромадони …

Муфассал »

Шаҳри Нишопур

0

Нишопур шаҳрест дар шимолу шарқи Эрон, дар остони (вилояти) Хуросон. Аҳолиаш 35 ҳазор нафар (1971). Ба воситаи роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард бо Теҳрону Машҳад алоқаманд аст. Маркази ноҳияи зироат (пахта, растаниҳои равғандеҳ), боғу токзор ва чорво. Саноати хӯрокворӣ ва чарм дорад. Дар наздикии ( Нишопур кони фирӯза ҳаст. Нишопур …

Муфассал »

Нишонаҳои ҳарбӣ

0

Нишоиҳое, ки дар либоси низомӣ дӯхта ё часпонда шуда, ба рутбаю дараҷаи хизматчиони ҳарбӣ ишорат мекунанд ва ба кадом навъи қушун тааллуқ доштани онҳоро нишон медиҳанд. Нишонҳои Ҳарбиро дар СССР Президиуми Совети Олин СССР муқаррар мекунад. Дар армияҳои ҳозира погонҳо, нишони каллапӯшҳо, петлитсаҳо — эмблемаҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва остинӣ, кантҳо …

Муфассал »