Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July (страница 70)

Архив Месяца: July 2017

Новиков Анатолий Григоревич

0

Новиков Анатолий Григоревич (таваллудаш 30.10.1896, Скопин, ҳозира вилояти Рязан), бастакори советӣ ва ходи­ми ҷамъиятӣ. Қаҳрамонн Меҳнати  Сотсиалистӣ (1976).Артисти Халқии СССР (1970). Аъзои КПСС аз соли 1952. Солҳои 1921 — 1927 дар Консерваторияи Москва таҳсил намудааст (синфи бастакории Р. М. Глиэр). Солҳои 1920—1930 роҳбари дастаи хори ҳаваскорон, аз ҷумла хори армияи …

Муфассал »

Новиков Александр Александро­вич

0

Новиков Александр Александро­вич (таваллудаш 19.11.1900, деҳаи Крюково, ҳозира pайони Нерехтскии вилояти Костро­ма —1976, Москва), ходими ҳарбии советӣ, Сармаршали авиатсия (1944), ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (17.04.1945 ва 08.09.1945), профессор (1958). Аъзои КПСС аз соли 1920. Дар сафи Армияи Сурх аз соли 1919. Иштирокчии Ҷанги гражданӣ (1918—1920). Курсҳои «Выстрел» (1922) ва …

Муфассал »

Новёлла

0

Новёлла (итал. novella — нави­гарӣ), як жанри хурди адабист, ки аз ҷиҳати ҳаҷм ба хикоя монанд буда, бо сохт, таркиб ва воқеан дарбаргирифтааш аз он фарқ мекунад. Ба таъбири И. Гёте Новёлла «воқеаи мислаш диданашудаест, ки дар ҳаёт рӯй медиҳад». Сюжетҳои монанд дар бисёр асарҳои фолклорӣ (афсона, масалан латифа ва …

Муфассал »

Новелла Агостино

0

Новелла (Novella) Агостино (28.09.1905, Генуя — 15.09.1974, Рим), ходими ҳаракати коргарии Италия ва байналхалқӣ. Соли 1923 котиби Федератсияи сотсиалистони Генуя интихоб шуд. Аъзои Федератсияи коммунистони навони Италия (ФКЧИ, аз соли 1923) ва Партияи Коммунистон Италия (ПКИ, аз 1924). Коргари ме­таллист буд. Солҳои 1924—1926 котиби Комитети вилоятии ФКЧИ-и Лигурия, аъзои КМ …

Муфассал »

Вилояти Новгород

0

Новгород, вилоятест дар ҳайати РСФСР. 5 июли 1944 ташкил шуда­аст. Дар ғарби Қисми европоип СССР ҷой гирифтааст. Масоҳаташ 55,3 ҳазор км2. Аҳолиаш 722 ҳазор нафар (1979). Ба 21 райони маъмурӣ таҷсим шуда, 10 шаҳр ва 20 птш дорад. Марказаш шаҳри Новгород. Вилоят бо ордени Ленин (1976) мукофотонида шудааст. Табиат. Релефи …

Муфассал »

Деҳаи Новасой

Новасой, деҳаест дар Совети қишлоқи Чапаеви райони Турсунзодаи РСС Тоҷикистон. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз Новасой то маркази Совети қишлоқ 1 км, то район 18 км; роҳ ас­фалтпӯш. Аҳолиаш 930 нафар (1982), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа пункти тиббӣ ва устохона дорад. Соҳаи асо­сии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Ширкент обёрӣ …

Муфассал »

Нова

0

Нова, нов, новдон, новадон, 1) иншооти кушоди обгузаро­нӣ (бе истифода бурдани фишор). Нова аз рӯи истифода гидротехники ва гидравликӣ мешавад. Новаи г и д ротехникиро дар хати роҳи ка­нал ё дар системаи гидроузел барои чӯбфурорӣ ва моҳигузаронӣ месозанд. Нова гидравликӣ ё л а б о раторӣ ҳамчун таҷҳизоти асосии лабораторияи …

Муфассал »

Деҳаи Нов

0

Нов, деҳа, маркази Совети қишлоқ Нови райони Нов, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Ук­раина». Аз Нов то маркази район 1 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 15603 нафар (1982), асосан тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа 3 мактаби миёна, 3 клуб, 3 китобхона, 5 магазин, 6 нонвойхона, ошхова, 2 чойхона, ҳаммом, устохонаҳо дорад. Соҳаҳои асосии …

Муфассал »

Посёлкаи Нов

0

Нов, посёлкаи типи шаҳрӣ (аз 9 феврали 1944), маркази райони Нови вилояти Ленинобод. Стансияи роҳи оҳан дар хати Хавос — Қӯқанд. 36 км. ҷануб ғарбтар аз шаҳри Ленинобод воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 12158 нафар (1982). Дар Нов заводҳои пахтатозакунӣ, асфалту бетон, инчунин заводи «Ленинободселмаш», комбинатҳои масолеҳи бинокорӣ, маҳсулоти ғалладона ва хизмати …

Муфассал »