Нойонҳо (муғ. ноён —ҷаноб, хон), табақаи ашроф дар Муғулистон. Асри 11 — нимаи аввали асри 12—намояндагони авлоди қадимаи ашрофи муғул, аз нимаи дуюми асри 12 — намояндагони ашрофони ба синфи феодал табдилёбанда. Дар Империяи феодалии муғул — синфи феодал. Дар шароити парокандагии феодалӣ (асрҳои 14—17) —ҳокимони мулкҳои феодалӣ, ки ба …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Ноибадмирал
Ноибадмирал, рутбаи ҳарбӣ дар ФҲБ. Ба генерал лейтенанти армия мувофиқат мекунад. Дар Россия соли 1699 аз тарафи Пётри I ҷорӣ карда шуд, дар СССР —соли 1940.
Муфассал »Ноиб Асадуллоҳ
Ноиб Асадуллоҳ ( соли таваллуд ва вафот номаълум), мусиқиҳои, ҳофиз ва машшоқи асри 15 форс- тоҷик. Зодгоҳаш Ҳирот. Дар мадрасаи Ҳирот таҳсил кардааст. Ноиб Асадуллоҳ баробари дигар илмҳо мусиқӣ, санъати сарояндагию навозандагӣ, сабку равияҳои ҳаётӣ мусиқии даврашро аз мусиқишиносон Устод Шоди, Ғулом Шодӣ, Ҳофизи Хурда, Ҳофизи Басир ва дигарон аз …
Муфассал »Нозологгия
Нозологгия (аз юн. nosos — бемоморӣ ва …логия), таълимотест дар бораи касалиҳо (ба истилоҳ: шакли нозологӣ), таснифу номенклатураи онҳо. Ниг. низ Шакли нозологӣ.
Муфассал »Деҳаи Нозиробод
Нозиробод, деҳаест дар Совети қишлоқ Симиганҷи райони Орҷоникидзеободи РСС Тоҷикистон. Территорияи совхози «Орҷоникидзеобод». Аз Нозиробод то маркази Совети қишлоқ 3 км, то район 5 км; роҳ аофалтпӯш. Аҳолиаш 620 нафар (1982), тоҷиков. Деҳа магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — сабзавоткорӣ. Заминҳо аз канали Роҳатӣ обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Нозирии Бухорои
Нозирии Бухорои (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 16 тоҷик. Марди донишманд буд. Ба дарбори Абдуллоххон — ҳукмрони сулолаи Шайбониён роҳ ёфт ва яке аз вузарои ӯ гардид; то охири умр дар хизмати дарбор буд. Нозирии Бухорои аз ҳамзамонон ва муоширони Абдурраҳмони Мушфқӣ буд. Дар тазкираву мавбаъҳои адабӣ Нозории …
Муфассал »Нозимов Олим
Нозимов Олим (таваллудаш 15. 03. 1932, деҳаи Ремони pайони Айнӣ), шахтёр, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971). Аъзои КПСС аз соли 1960. Солҳои 1949—1953 колхозчии колхози ба номи Ворошилов (холо колхози «Россия»), 1956—1962 булдозерчӣ ва аз соли 1962 сардори бригадаи пармачиёни комбинати маъдантозакунии Дижикруд. Нозимов плани панҷсолаи 8-умро дар зарфи 3,5 сол …
Муфассал »Нозимов Зафар
Нозимов Зафар (таваллудаш 02. 06. 1940, деҳаи Сақови pайони Ғарм), сароянда, оҳангсози тоҷик. Артисти Халқии РСС Тоҷикистон (1974). Истеъдоди сарояндагӣ ва навозандагии Нозимов дар дастаи Ҳаваскорон зоҳир шуд. Аз соли 1958 солисти Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, аз соли 1962 солисти Филармонияи давлатии Тоҷикистон. Нозимов ҳамчун …
Муфассал »Нозими Ҳироти
Нозими Ҳироти (1601-1605, ) Ҳирот —1671 ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Аз оилаи Ҳунарманд. Дар Ҳирот таҳсил ва эҷод кардааст. Фаъолияти адабии Нозими Ҳироти дар муҳити ҳунармандони Ҳирот ҷараён дошт. Сипас, шоир бо ҳокими Хуросон Ҳасанхон (1618—1940) муносибат пайдо карда, баъд аз вафоти ӯ дар дарбори Аббоскулихон хизмат намуд ва бо …
Муфассал »Нозими Табрезӣ
Нозими Табрезӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири эронии асри 17. Дар Исфаҳон таҳсил карда аст. Чанде дар Ҳиндустон ва Арабистон буд. Осори ӯ дар Мовароуннаҳру Хуросон шӯҳрат дошт. Аз мероси адабии Нозими Табрезӣ ба мо чанд ғазалу қасида, рубоӣ, қитъа, инчунин масвавии «Фирӯз ва Шаҳноз» ва «Тазкират-уш-шуаро» омада расидааст.
Муфассал »