Носир Ҷамол Абдунносир (15.01.1918, Бани Мур —28.09. 1970, Қодира), арбоби давлати ва сиёсии Миср. Аз оилаи корманди почта. Мактаби миёна (1935) ва омӯзишгоҳи ҳарбиро (1939) дар Қоҳира хатм намуд. Соли 1942 ба коллеҷи ҳарбии Штаби генералӣ дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм кард. Иштирокчии ҷанги Арабу Исроил (1948—1949). Солҳои …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Носеҳи Xатлонӣ
Носеҳи Xатлонӣ Абдурраҳмонхоҷа ибни Мирзоподшоҳ (таваллудаш 1767-1768, Хатлон — соли вафоташ номаълум), шоири тоҷик. Айёми кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гузаронидааст. Баъдан барои иқомаи таҳсил ба Бухоро рафт. Пас аз хатми таҳсил дар Бухоро сокин шуд. Ба шаҳрҳои Мовароуннаҳр, аз ҷумла Тошканду Хуҷанд сафар кардааст. Аз Носеҳи Xатлонӣ девони …
Муфассал »Носеҳ Мирзо Араб
Носеҳ Мирзо Араб (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири эронӣ (асри 17). Дар мавзеи Аббосободи Исфаҳон ба дунё омадааст. Дар зодгоҳаш касби камол намуда, сипас дар Табрез зиндагиву эҷод кардааст. Аз ин рӯ, дар баъзе тазкираҳо ба нисбаи «Табрезӣ» ёд мешавад. Соиб ба Носеҳ эътиқоду эҳтиром дошта, ба якчанд ғазали …
Муфассал »Носака Сандзо
Носака Сандзо (таваллудаш 30.03.1892, Хаги), ходими ҳаракати коргарии Япония ва байналхалқӣ. Соли 1917 Университети Кэйо (Япония)-ро хатм намуд. Дар кори ташкилоти коргарии Юайкай иштироки фаъол дошт, аз соли 1922 дар федератсияи меҳнати Япония кор кард. Аъзои Партияи Коммунистии Япония (ПКЯ) аз соли 1922. Соли 1924 дар ташкили органи легалии ПКЯ …
Муфассал »Нос
Нос, тамокуи кӯфтаи бо оҳак, хокистар ва равғани загир (кунҷид ё пахта) омехта соидашудаест, ки ба зери забон гирифта боз мепартоянд ва он гуё мисли чилим ва папирос кайф медиҳад. Нос аз 45% барги кӯфтаи хушки тамоку, 32% хокистар, 18% равғани растанӣ ва 5% оҳаки шукуфта иборат аст. Баъзаи ба …
Муфассал »Норӣ Ибодуллоҳ
Норӣ Ибодуллоҳ Муҳаммадсолеҳи Бухороӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), олими тиб, дорушиноси асри 19 тоҷик. Дар Бухоро таваллуд ёфта, дар Самарқанду Хоразм таҳсили илм кардааст. Аз асарҳои Норӣ танҳо «Маҷмӯаи Солеҳӣ» то замони мо расидааст. Асари мазкур масъалаҳои таснифу ташхис ва пешгирию муолиҷаи бемориҳо, тайёр кардану истифода бурдани доруҳои соддаю …
Муфассал »Норов Сӯюн
Норов Сӯюн (таваллудаш 1905, деҳаи Узуни pайони Ҳисор), яке аз иштирокчиёни фаъоли муборизаи зидди босмачигӣ дар Тоҷикистон, полковники милитсия. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1932. Солҳои 1915—1925 батрак буд. Соли 1925 ба отряди махсус оид ба муборизаи зидди босмачиён дохил шуда, 1926 ба кори органҳои ОГПУ гузашт. Солҳои …
Муфассал »Нормушкиҳо
Нормушкиҳо (Celastraceae), оилаи растаниҳои дупаллагист. Дарах ти ҳамешасабз ё хазонрез, бутта ё лианаанд. Баргашон содда, гулашон актиноморфии дуҷинса (баъзан якҷинса) буда, 4—5 косабарг ва гул- барг, 4—5 ё 8—10 гардбарг доранд; ғӯракашон болои; дар дохили гулашон шаҳддон мавҷуд аст; ғӯзамева, ғуҷуммева ё донакмева доранд. Қариб 60 ҷинсу 850 намудашон дар …
Муфассал »Нормушк
Нормушк (Euonymus), як ҷинси растаниҳои хазонрез ва ҳамешасабзи буттагӣ ё дарахтист; мансуби норму шкиҳо; барги соддаи рӯ ба рӯ, гули дуҷинсаи 4—5 аъзогӣ (баъзан тоқа-тоқа) ва ғӯзамева дорад. Бештар аз 200 намудаш маълум аст. Қариб ҳамаи намудҳои Нормушк заҳрноканд. Дар бешаҳои СССР қариб 20 намудаш мерӯяд. Е. verrucosus (ниг. pacм) …
Муфассал »Нормативизм
Нормативизм, яке аз ҷараёнҳои асосии назарияи ҳуқуқи буржуазии асри 20. Нормативизм бо позитивизми дар ҳуқуқшиносии асри 19 ҳукмрон алоқаманд аст. Нормативизм тезисҳои позитивизмро инкишоф дода, талаб мекунад, ки илми ҳуқуқшиносӣ аз омӯзиши омилҳои иҷтимоӣ, ки ба қонунгузор, адолати судӣ, рафтори одамон дар соҳаи ҳуқуқ таъсир мерасонанд, даст кашад. Нормативизм даъват …
Муфассал »